Аз 9-ум то 16-уми феврал дар шаҳри Душанбе мусобиқаи футболи “Ҷоми CAFA-2025” баргузор хоҳад гашт.
Тими мунтахаби занонаи футзали Тоҷикистон алакай омодагиро ба мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) оғоз намудааст. Баҳром Ёрматов, сармураббии нави тими миллии занонаи футзали Тоҷикистон ба ҷамъомади таълимию тамринӣ 22 футболбоздухтар - 3 дарвозабон ва 19 бозигарро даъват кардааст, аммо ба рӯйхати ниҳоии даста барои иштирок дар ин мусобиқа танҳо 14 бозигар дохил карда мешаванд.
Дар мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-2025 байни занон дастаҳои мунтахаби футзали Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон ширкат меварзанд. Бозиҳо дар Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обии шаҳри Душанбе баргузор хоҳанд гашт.
Ёдовар мешавем, ки дар се мусобиқаи пештара (Душанбе - 2022, Тошканд - 2023 ва Душанбе - 2024) бо иштироки панҷ дастаи мунтахаби занонаи минтақа - Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Эрон бонувони эронӣ пирӯз шудаанд. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқа медалҳои биринҷӣ дар соли 2023 дар Тошканд мебошад.