Пирӯзии Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон бар дастаи Аморати Муттаҳидаи Араб ба футболбозони тоҷик имкон дод, ки мавқеъи худро устувор гардонида, ба даври 1/4- финалии мусобиқоти “Ҷоми Осиё-2023” бароянд...
Ёдрас мешавем, ки дирӯз, 28-январ дар даври 1/8 финалии мусобиқоти Ҷоми Осиё-2023 оид ба футбол дастаи мунтахаби Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд.
Бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар варзишгоҳи Аҳмад бин Алии шаҳри Давҳа баргузор гашта, вақти асосии бозӣ бо ҳисоби 1:1 хотима ёфт.
Дар 30 дақиқаи иловагӣ низ ғолиб муайян нашуд, вале аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо ҳисоби 5:3 пирӯз гашт.
Тими мунтахаби Тоҷикистон дар даври 1/4-ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти Ироқ ва Урдун рӯзи 2 феврал бозӣ хоҳад кард.
Боиси хушнудист, ки Тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар аввалин иштирокаш дар мусобиқоти Ҷоми Осиё ба натиҷаҳои назаррас ноил гашта истодааст.