arzon replenishment
“ТИКТОК“ КАПААМРО СӮХТ!
11.10.2020
Р. Азимӣ
7520


Бо Шамс дар шабакаи иҷтимоии “Тик-ток” шинос шудам. Ӯ видеоҳои маро тамошо карда, дар саҳифаи шахсиям пайғом навишт. Ман низ ба саломаш посух додам ва баъди чанд муддати мукотибаи телефонӣ бо ҳам вохӯрда, аз нигоҳи аввал писанди ҳамдигар афтодем.

Шамс ба ман ваъда дод, ки дар наздиктарин фурсат хонадор шуда, ба висоли  ҳам мерасем. Гумон  доштам, ки бо ёри хушкарда хушбахти ҷаҳон мешавам, вале пас аз як моҳ Шамс симои аслияшро нишон дод. Акнун  бо ҳар баҳона маро ба вохӯрӣ даъват намуда, мисли шавҳар маро рашк намуда, зери мушту лагад мегирифт. “Барои чӣ либосҳоят нимбараҳна, мӯйҳоят парешон, лабҳоят сурху чашмонат сиёҳи қаламзада?” гӯён, туфамро дар гулӯям қоқ мекард. Мо ду ошиқи зор дар як моҳи шиносоӣ душмани ҷони ҳамдигар шудем. Корамон сагу гурба барин мудом моҷаро кардан буд. Бо вуҷуди тамоми нофаҳмию ҷангу ҷанҷолҳоямон Шамсро дӯст медоштам, аз ҳамин хотир, сабру тамкинро пеша намуда, сирри диламро ба ягон кас намегуфтам.

Пас аз панҷ моҳи ишқу ошиқиямон Шамс ошкоро ба ман пешниҳод кард, ки бояд мисли зану шавҳар муносибат намоем, баъд ягон вақт бо ҳам оиладор мешавем. Аз чунин пешниҳоди беақлонаи ошиқам сахт ранҷида гуфтам: “Агар ин қадар васламонро мехоста бошӣ, ба хонаамон хостгор фирист, зудтар оиладор мешавем”! Бо шунидани ин суханон асабҳои Шамс хароб гашта, дар пеши чашми одамон аз мӯйи сарам дошта, маро мисли ҳайвон зери мушту лагат гирифт. Он рӯз бо чашмони сиёҳу кабуд ба хонаамон омадам. Аҳд кардам, ки бо ин ваҳшии авбошсифат дигар гап намезанам. Барқасди ӯ худро орову торо дода, зери суруди Зулайхо Маҳмадшоева як сабти видеоиро тайёр карда, ба “Тик-ток” партофтам. Дар як дам зери видео шарҳҳои зиёд омад ва ҳамон лаҳза Шамс ба телефонам занг зада, бо дашном таҳдид карда гуфт, ки агар “Тик-ток” -ро аз телефонат тоза накунӣ, рӯзатро сиёҳ мекунам. Гириста- гириста тамоми саҳифаҳои иҷтимоиямро аз телефонам тоза кардам. Аз байн як ҳафта гузашт, аз Шамс дигар дараке нашуд. Баъдан хабар ёфтам, ки Шамс бо духтари тағояш оиладор шуда, тамоми симкортҳояшро шикаста, саҳифаҳояшро аз шабакаҳои интернетӣ тоза кардааст. Як аламам сад алам шуд. Ба ҷуз гиря кардану мушт ба девор задан, дигар коре аз дастам намеомад.

Ҳатто даст ба худкушӣ заданӣ будам, вале хоҳаронам сабаб шуданду зинда мондам. Бо маслиҳати муаллимаи мактабиям, ки то ҳанӯз бо маслиҳатҳои ӯ амал мекунам, ба сар рӯймол баста, ҷойнамозро ба ишқи номард иваз кардам ва сар ба саҷда зада, Худоро зорӣ мекунам, ки маро бахт диҳад, то Шамси бевафоро фаромӯш кунам!

Сулҳия, ш. Душанбе.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД