formula feb 2025
ТИКА инфрасохтори таҳсилоти тиббии Тоҷикистонро таҳким мебахшад
13.02.2025
Oila.tj
207

Сарраёсати Агентии Туркия оид ба ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ (ТИКА) дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор озмоишгоҳи анатомӣ бунёд намуд. Маросими ифтитоҳи озмоишгоҳи дорои инфрасохтори муосири таълимӣ бо тантана баргузор гардид.

1_10

Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор, ки соли 1986 таъсис ёфтааст, аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ, кори фармасевтӣ ва кори дандонсозӣ ба 2466 нафар донишҷӯён таълим дода истодааст. Дар доираи лоиҳаи амалинамудаи ТИКА як муҳити муосири озмоишгоҳӣ бунёд гардид, ки донишҷӯён онҷо метавонанд дарсҳои амалӣ гиранд.

2_2

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур, муовини раиси шаҳри Ҳисор Юлдошзода Бунафша ва Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Ибраҳим Этҳем Унал иштирок намуданд.

3_21

Дар маросими ифтитоҳи лоиҳа муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур бо таваҷҷуҳ ба номуносиб будани инфрасохтори таълимӣ дар шаҳру навоҳии дурдасти кишвар изҳор дошт, ки омода кардани кормандони босифат барои соҳаи тандурустӣ, ки мустақиман ба ҳаёти инсон алоқаманд аст, танҳо тариқи гирифтани омӯзиши муносиби амалӣ имконпазир аст. Инчунин ӯ изҳор намуд, ки саҳми ТИКА дар беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи тандурустии кишвар аҳамияти ҳаётӣ дорад ва аз ҳамкорӣ бо ТИКА изҳори қаноатмандӣ кард.

4_23

Ҳамоҳангсози барномаҳои ТИКА дар Тоҷикистон Унал изҳор дошт, ки озмоишгоҳи таъсиснамудаи ТИКА сифати таълимро боло мебарад ва ТИКА ҳамеша барои ҳамкорӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳо дар самти таҳкими инфрасохтори соҳаи тандурустии Тоҷикистон омода мебошад.

5_1

Ба туфайли озмоишгоҳи навтаъсис имконоти омӯзиши амалии донишҷӯёне, ки аз рӯи ихтисосҳои кори момодоягӣ, кори ҳамширагӣ ва кори дандонсозӣ таҳсил мекунанд, васеъ хоҳад гашт. Ҳамин тавр, баланд бардоштани имконияти дарёфти шуғл пас аз хатми таҳсил ва таъмини кадрҳои соҳибихтисос ба соҳаи тандурустии босуръат рушдёбандаи кишвар ба нақша гирифта шудааст.

7_1

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД