Formula novemver 2024
ТИФЛИ НАВЗОД БА ДИЛНОЗА КАРИМОВА МУБОРАК
23.08.2020
ОИЛА
2662

 

Дилноза Каримова, овозхони 38-солаи тоҷик, ки дар шари Хуҷанд зиндагиву фаъолият дорад, дар саҳифаи Фейсбукаш хабар дод, ки бори дигар модар шудааст. Фарзанди деринтизори овозхон моҳи гузашта ба дунё омада, ба ӯ Салоҳиддин ном ниҳодаанд.

Каримова ҳанӯз моҳи январи имсол дар баромадҳои солинавиаш гуфта буд, ки ҳомиладор ва дар интизори писарча аст. “Имрӯз мехоҳам шодии беандозаи хонадонамонро бо шумо қисмат намоям.

Шукри Парвардигори олам, ки ба мо неъмати бебаҳои умр-фарзандро ҳадя намуд. Беш аз як моҳ аст, ки меҳмони нав, шоҳписари мо-Салоҳиддини азизу кучулу ба хонадони мо шодӣ овардаву захмҳои дили решро марҳам мекунад”,-навиштааст овозхон ва дар идома ба кулли мухлисону ҳаводоронаш барои орзуву ниятҳои некашон изҳори сипосу миннатдорӣ кардааст.

То ҷое мо огоҳ ҳастем, ин нахустин фарзанди овозхон аз издивоҷи дувумаш аст, аммо Каримова низ чун дигар санъаткорон дар хусуси ҳаёти шахсиаш ҳарф заданро дӯст намедорад. Диёрбеки 6-сола, фарзанди калонии овозхон шаби 31-уми декабри 2017 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон аз бемории саратон даргузашта буд.

Пас аз як ҳафтаи марги ҷигарбандаш, 7-уми январи соли 2018 модараш Матлуба Розиқоваи 61-сола низ аз олам чашм пӯшид. Дилноза Каримова баъди ин ду мусибат муддате тарки саҳна кард ва боз дубора баргашт. Ҳоло ӯ соҳиби ду писар, яке аз издивоҷи аввал ва дигаре аз издивоҷи дувумаш аст.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД