Қувваҳои низомии Украина маркази шаҳри Хелсонро ракетаборон намуданд. Дар натиҷаи ин ҳамла як мушак ба Маркази пахши барномаҳои телевизион расидааст.
Тавре ки манбаъҳои интернетӣ, аз ҷумла РИА-Новостӣ ва Лайф.РУ менависанд, ин ҳамлаи мушакӣ ҳадафмандона анҷом дода шудааст, то пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия дар Хелсон қатъ гардад.
“Дар маркази шаҳри Хелсон, дар назди идораи “телецентр” таркишҳои пуршиддат ба вуҷуд омаданд. Шаҳрро бо ракетаҳои навъи "Ураган" ва "Точкой-У" мушакборон намуданд” мегӯяд РИА "Новости".
Бино бар хабари ин манбаъ, қувваҳои низомии Украина ба Хелсон ду мушаки "Точка-У" сар додаанд, қабл аз ин ин бошад, тариқи “Ураган” на камтар аз 5 мартиба ба шаҳр оташ кушодаанд.
Сокинони шаҳр навори чи тавр аз ҷониби Украина мушакборон шудани маркази пахши барномаҳои телевизионро дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудаанд, ки дар он чи тавр ба телевишка расидани мушак баръало дида мешавад. Дар ин навор ҳамчунин кори системаи зидди ҳамлаҳои ҳавоӣ низ мушоҳида мешавад.
Пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионии Русия дар Хелсон, ки ҳамагӣ чанд рӯз қабл, санаи 22 апрел оғоз ёфта буд, дар натиҷаи расидани мушак ба антенаи пахши барномахо қатъ гашт, вале пас аз чанд соат онро дубора барқарор намуданд.
Аммо дар шаҳр соати комендантӣ эълон шуда, мардум аз тарси ҷон ба кӯча намебароянд.