Arzon march 2024
Телефонҳои ройгон аз “Тселл” ва "ZTE"
2011

Аз 10 август ширкатҳои “Тселл” ва "ZTE" 20 000 смартфонро ба фурӯш мебароранд. Ин нукта дирӯз зимни баимзорасонии Ёддошти тафоҳум миёни ширкатҳои мазкур садо дод.

Гуфта шуд, ки ду намуд сматрфон барои аҳолӣ пешниҳод мегардад ва онҳо бо бастаи тарофавии “Салом смартфон” пайваст мебошанд. Вобаста ба смартфон ду тарофа яке 99 сомонӣ ва дигаре 245 сомонӣ пешниҳоди харидорон мегардад. Вақте ки харидор телефонро мехарад, ӯ танҳо пули бастаи тарофавиро давоми як сол месупорад ва соҳиби телефон ҳам мешавад.

Озодхон Давлатшоев, директори генералии ширкати “Тселл” иброз дошт, ки ин иқдом дар доираи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” аз 1-уми августи соли 2023 ба роҳ монда шудааст, ки то кори мардум осон гардаду аҳолӣ ҳамаи пардохтҳоро бемамоният бо интернети хуб супоранд.

Азам Бобоев, директори шуъбаи фурӯши ширкати “Тселл” гуфт, ки онҳо кӯшиш мекунанд, то талаботи аҳолиро қонеъ гардонанду теъдоди смартфонҳоро зиёд намоянд.

Як нуктаи хуб он аст, ки мегабайтҳои истифодабаранда дар охири моҳ намесӯзад ва онро муштарӣ метавонад моҳи дигар низ истифода барад ё ба нафари дигар ҳадя кунад. Ҳангоми ба итмом расидани пардохти яксола ширкат ба муштарӣ тарофаи дукаратаро пешниҳод мекунад ва агар муштарӣ хоҳад, онро истифода мебарад ва агар не ба дигар тарофа мегузарад.

Ширкатҳои “Тселл” ва "ZTE" ният доранд, ки ҳамкории худро мустаҳкам карда, смартфонҳои муосирро дастраси шаҳрвандон намоянд ва ба рушди соҳаи телекомуникатсия мусоидат кунанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД