arzon replenishment
Театрҳои тоҷик кадом намоишномаҳои навро пешкаши тамошобинон месозанд?
1368

 

 Мавсими нави театрӣ оғоз ёфт. Театрҳои тоҷик аз моҳи октябри соли равон то моҳи июни соли 2025 чандин намоишномаҳои навро омода ва пешкаши тамошобинон месозанд.

Тавре ки Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар додааст, мавсими нави театрӣ имсол аз моҳи октябр шурӯъ шуда, то моҳи июни соли 2025 идома хоҳад ёфт. Ҳадаф аз ин иқдом  тарғиби санъати театрӣ, ҷалби шумораи бештари тамошобинон ба театр ва баланд бардоштани руҳияи ҳунармандон мебошад.

Кормандони театрҳои кишварамон барои мухлисону ҳаводорони хеш аз эҷодиёти нависандагони машҳури тоҷик ва хориҷӣ чандин намоишҳои нави пурмазмун омода намудаанд. Иштироки устодони санъати театрӣ ва ҳунарпешаҳои бомаҳорат ба ин намоишҳо ҷилои тоза мебахшад. Аз ҷумла Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ, Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ,  Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи М. Қосимов, Театри давлатии драмавии русии ба номи В. Маяковскй ва Театри лӯхтаки шаҳри Душанбе «Комде ва Мадан», «Зан ва дузд», «Гунҷишкакон ҳам механданд», «Агар ҷанг намебуд», «Ҳамсоя», «Таъбири ишқ», «Ночь в театре», «Кист гуноҳкор» ва чандин намоишномаҳои ҷаззоби дигарро манзури ҳаводорони хеш месозанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД