Тоҷикистон дар ислоҳоти низоми тандурустӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардида истодааст, то дастрасии ҳама шаҳрвандон ба хизматрасониҳои асосии тиббиро бидуни мушкилоти молиявӣ таъмин намояд.
Ин уҳдадории қавӣ барои ноил шудан ба Фарогирии умумӣ бо хизматрасониҳои тандурустӣ (ФУХТ) дар ду чорабинии муҳими моҳи феврали соли 2025 қайд карда шудааст: мизи мудаввари сатҳи баланд, ки аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) гузаронида шудааст ва Шарҳи муштараки солона, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гузаронида шудааст. Ҳарду чорабинӣ ба шарофати дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо (ИА) имконпазир гардидааст.
Мизи мудаввар дар сатҳи баланд ба пешрафт дар ислоҳоти маблағгузории соҳаи тандурустӣ, бахусус оғози барномаи таҷрибавии инноватсионии вилояти Суғд, ки аз 1-уми январи соли 2025 оғоз шуд, тамаркуз кардааст. Ин лоиҳаи таҷрибавӣ механизми нави маблағгузории соҳаи тандурустиро барои муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар панҷ шаҳру ноҳияҳои Истиқлол, Деваштич, Ашт, Шаҳристон ва Кӯҳистони Мастчоҳ амалӣ менамояд.
«Қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31-уми июли соли 2024, №438, ки татбиқи механизми нави маблағгузории соҳаи тандурустиро дар вилояти Суғд ба расмият медарорад, марҳилаи калидӣ дар роҳи Тоҷикистон ба сӯи низоми муосир ва устувори тандурустӣ мебошад",- мегӯяд Қурбониён Сарвар Собир, муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Гузариш ба пардохтҳо дар асоси натиҷаҳо, ки ба муассисаҳои тиббӣ вобаста ба сифати хизматрасониҳои расонидашуда ҷуброн карда мешаванд, унсури асосии ислоҳот мебошад. Ин модел на танҳо ба муассисаҳои тиббӣ мустақилияти бештар дар қабули қарорҳо медиҳад, балки инчунин идоракунии маблағҳои давлатиро беҳтар мекунад ва дар ниҳоят ба саломатии аҳолӣ фоида меорад. Зимни мизи мудаввар ҷонибҳои манфиатдор потенсиали густариши ин ислоҳотро дар саросари кишвар баррасӣ намуда, аҳамияти хариди стратегиро ҳамчун асоси таҳаввулоти васеътари системаи тандурустӣ таъкид кардаанд.
Дар рафти мизи мудаввар коршиносони СУТ натиҷаҳои тадқиқоти калидӣ оид ба маблағгузории кумаки аввалияи тиббию санитариро пешниҳод намудаанд.
«Ҳамкории қавии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати молия дар пешбурди ин ислоҳоти муҳими маблағгузории соҳаи тандурустӣ нақши муҳим бозид. Илова бар ин, дар ноил шудан ба ин пешрафт таҷрибаи техникии СУТ ва дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо нақши калидӣ бозид»,- мегӯяд муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон доктор Ғафур Муҳсинзода.
Доктор Игор Поканевич, корманди калони СУТ дар шаҳри Ню-Йорк ва намояндаи собиқи СУТ дар Тоҷикистон дар мавриди Шарҳи муштараки солона мегӯяд: «Ман Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро барои дастовардҳои барҷастааш тайи даҳсолаи охир, бахусус дар пешбурди ислоҳоти низоми тандурустӣ ситоиш мекунам. Аммо мо бояд ин суръатро нигоҳ дорем. Бо дарназардошти чолишҳои глобалӣ ва манзараи тағйирёбандаи геополитикӣ, аз ҳарвақта муҳимтар аст, ки мо якҷоя кор кунем, то таъсири пойдор гузорем. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ҳамчунон омодагии комил дорад, ки Тоҷикистонро дар бунёди системаи устувор ва одилонаи тандурустӣ дастгирӣ кунад”.