Фаррух Калонов солҳост, ки ба тарҷумонӣ машғул аст. Ӯ бо якчанд ширкатҳои сайёҳӣ ҳамкорӣ дошта, барои сайёҳон роҳбаладӣ мекунад. Вай баъзан ба таври инфиродӣ ҳам саёҳат ташкил намуда, мавзеҳои таърихиву сайёҳии Тоҷикистонро ба хориҷиён муаррифӣ месозад.
Қаҳрамони мо аз хурдсолӣ ба омӯхтани забони хориҷӣ шавқ надошту пайваста китобҳои ҳуқуқшиносӣ мехонду дар озмуну олимпиадаҳои фанни ҳуқуқ иштирок мекард ва ҳатто ният дошт дар оянда ҳуқуқшинос шавад. Вале, ҳангоми супоридани ҳуҷҷат ба Маркази миллии тестӣ аз фикраш гашт. Ӯ ба хулосае омад, ки бояд тарҷумон шавад ва Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.
"Вақте ки ба Маркази миллии тестӣ ҳуҷҷатҳоямро супоридам, ягон забони хориҷиро пурра намедонистам. Танҳо он чизеро, ки омӯзгорон дар мактаб бароям омӯхта буданд, ҳамонро медонистам. Баъди супоридани ҳуҷҷатҳо ба омӯзиши забони англисиву русӣ машғул шудам. Замони донишҷӯӣ забони англисиро пурра аз худ кардам," - гуфт Фаррух.
Сайёҳоне, ки ба Истаравшан меоянд, сайри худро аз бозори марказии шаҳр оғоз мекунанд, зеро дар он ҷо либосу таомҳои миллии гуногун ва растаи бузурги «оҳангарон» мавҷуд аст. Фаррух ҳам аввалин маротиба сайёҳонро дар бозор вохӯрда, онҳоро бо мавзеҳои таърихии Истаравшан ошно кард.
"Боре ду сайёҳе, ки бозорро тамошо мекарданд, хоҳиш намуданд, ки роҳи Қалъаи Муғро барояшон нишон диҳам. Вақте ки тарҷумон буданамро донистанд, хушҳол шуда, гуфтанд, ки дигар мавзеъҳои таърихиву сайёҳии Истаравшанро ҳам барояшон нишон диҳам. Ҳамин тавр, маконҳои таърихиро ба онҳо нишон дода, дар бораи таъриху фарҳанг ва тамаддуни тоҷикон маълумот додам. Фаъолияти роҳбаладиам аз ҳамин вақт оғоз шуд", - ба ёд овард ӯ.
Қаҳрамони мо дар баробари бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ҳамкорӣ намудан, ҳамзамон, барои сайёҳон ба таври инфиродӣ сайёҳат ташкил намуда, ба онҳо мавзеҳои ҷолиби Тоҷикистонро нишон медиҳад. Бино ба гуфти ӯ, то имрӯз зиёда аз сад сайёҳат ташкил намудааст. Ғайр аз ин, қариб 300 нафар сайёҳе, ки ба Истаравшан омадаанд, ба хонаи Фаррух ба меҳмонӣ омадаанд ва ӯ онҳоро бо хӯрокҳои миллии тоҷикӣ меҳмондорӣ кард. Тавре ки Фаррух гуфт, барои ин кор ба ӯ падар, модар ва бародараш кӯмак мерасонанд.
Фаррух сайёҳонро дар баробари бо мавзеъҳои таърихиву сайёҳӣ ошно намудан, ҳамзамон, ба хонаи ҳунармандони чирадасти Истаравшан, ки дастранҷашон шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад, мебарад. Сайёҳон ба ин тариқ аз ҳунарҳои қадимии мардумӣ низ огоҳ мешаванд.
Сайёҳони ба Тоҷикистон омада бештар маконҳои таърихӣ ва қаторкӯҳҳои ин диёрро тамошо мекунанд. Онҳо ба мавзеҳои таърихии Хуҷанду Панҷакент, Истаравшану Варзоб, Душанбеву Ҳисор ва қаторкӯҳҳои Бадахшон таваҷҷӯҳи зиёд доранд. Фаррух Калонов сайёҳонро ба ин мавзеъҳо роҳбаладӣ менамояд. Ба иттилои ӯ, онҳо пас аз дидани кишвари мо иқрор мешаванд, ки Тоҷикистон воқеан биҳишти рӯйи замин аст.
«Замоне барои сайёҳон раводиди 45-рӯза буд. Вақте, ки раводидашон ба итмом мерасид, онҳо дилтанг мешуданд, ки аз Тоҷикистон мераванд. Баъзе сайёҳон, ки Ватани моро бениҳоят дӯст медоранд, қариб ҳар сол ба тамошо меоянд. Тоҷикистон барояшон хеле писанд аст. Онҳо ба таъриху фарҳанг ва меҳмоннавозии мардуми мо эҳтироми хос доранд», - таъкид намуд роҳбалади сайёҳон.