Акнун сокинони пойтахт ва дигар минтақаҳои кишварамон ҳангоми шоҳиди ягон ҷиноят ё ҳуқуқвайронкунӣ гаштан метавонанд дарҳол тариқи «Ватсап» ва «Телеграм» ба кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе хабар диҳанд.
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо пахши як эълон хабар додааст, ки бо мақсади саривақт қабул намудани муроҷиатҳои шаҳрвандон рақамҳои (+992)018-02-02-02 дар шабакаҳои иҷтимоии «Ватсап» ва «Телеграм» фаъол карда шудаанд. Сокинон ва меҳмонони пойтахт метавонанд дар бораи кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ, вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва дигар намуд қонуншиканиҳо таклифу пешниҳод ва арзу шикоятҳои худро тариқи ин рақамҳо ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.
“Дар доираи талаботи қонунгузорӣ кафолати ҳимояи шахсӣ ва ҳавасмандгардонии шахсони мусоидаткунанда кафолат дода мешавад”,- навиштааст манбаъ.