Sebiston new 2024 october
Таҷовузи духтари 14-сола дар Панҷакент
2251


 Ҷавони кӯрнамак ба номуси духтари ҳамсоя дастдарозӣ карду...


Дар шаҳри Панҷакент як ҷавонмарди 27-соларо бо гумони таҷовуз ба номус боздошт намудаанд. Гуфта мешавад, ки ин ҷавон ба номуси духтари 14-солаи ҳамсояаш дастдарозӣ намудааст...

“Кормандони милитсияи Панҷакент рӯзи 2- августи соли равон Бегичонов Абукахҳор Абдугафурович, санаи таваллудаш 12- апрели соли 1997, сокини деҳаи Қумоқи ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералиро бо иттиҳоми таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи санаи таваллудаш 27 декабри соли 2007 бо роҳи зӯроварӣ дастгир карданд”-менависад пойгоҳи хабарии Бомдод.

Ба иттилоъи манбаъ, ба Абдуқаҳҳор Бегиҷонов, ки дар Қумоқ мардум ӯро бештар бо номи Бобоҷон мешиносанд, бар асоси моддаи 138-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои таҷовуз ба номуси духтари ноболиғи 14-сола то 12 соли зиндон таҳдид менамояд.
Ба гуфти ҳолдонҳо Бегиҷонов ба номуси духтари ноболиғе, ки дар ҳамсоягиашон зиндагӣ карда, робитаи хешу таборӣ низ доштаанд, дастдарозӣ намудааст.
Ба гуфти яке аз ҳамсуҳбатони сомона, ки гӯё натиҷаи ташхиси суддию тиббии ҷабрдидаро ба чашми худаш дидааст, ташхис осори зиёди захму латро дар сару рӯи ҷабрдида мушоҳида карда, ба хулосае расидааст, ки Бегиҷонов ба муқовимати духтари ноболиғ нигоҳ накарда, ба номуси ӯ расидааст ва дар натиҷаи ин таҷовуз пардаи бакорати ҷабрдида даридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД