Sebiston new 2024 october
Таъмири Қалъа баъди 1 соли маҳдудият
379

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон, бо вазъи  теппаи Қӯрғон, ки макони  тамошои сайёҳони зиёд буда, вазъи хароб дошт, шинос шуд. Дар ин хусус ба МИҲД-и вилоят хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар ин мавзеъ, ки соли 1999 бозсозӣ шуда, ба ифтихори ҷашни 1100-солагии давлати Сомониён мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст, то чанд муддат пеш Осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Бохтар воқеъ буд.

Бояд гуфт, ки теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар маҳсуб шуда, мавзеи тамошои садҳо сайёҳони ватаниву хориҷӣ ба шумор меравад, аммо бо сабаби садамавӣ буданаш ҳоло дарҳои худро бастааст.

Қаблан, номи шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилоти Хатлон низ ҳамрадифи ин мавзеъ буда, Қурғонтеппа ном дошт, ки иваз шуд.

Расонаҳо борҳо дар мавриди таъмирталаб будани ин қалъа садо баланд карда буданд. Комрон Гулов, роҳбари Идораи сохтмони асосии шаҳри Бохтар, соле қабл гуфта буд, Теппаи Қурғон бо сабаби садамавӣ шуданаш моҳҳо боз баста шудаст ва ин маҳдудият бештар аз 1 сол инҷониб идома дошт.

Он замон шаҳрдори собиқи Бохтар Сиҷоуддин Саломзода гуфта буд, ки осорхонаи Бибихонум аз ҳисоби маблағҳои мақомоти маҳаллӣ соли 1999 сохта шудааст. Соли 2015-ум баъзе ҷойҳои ин қалъа таъмир карда шуда, аммо дар натиҷаи боришот ва гармиҳо ду соли охир тарқишҳо зиёд шуд, онҳо тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш осорхонаи Бибихонумро, ки дар дохили қалъа буд, ба Кохи фарҳанг кӯчонанд.

Инак, масъулони шаҳрдорӣ ба Давлаталӣ Саид иттилоъ додаанд, ки аз ҷониби якчанд институтҳои лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК «Шаҳрофари Душанбе» лоиҳаҳои намунавии «Теппаи Қӯрғон» омода шудаанд. Тибқи лоиҳа, бояд дар болои қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, Амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шавад.

 

Таъкид гардид, ки навсозии Теппаи Қӯрғон, ки муаррификунандаи на танҳо шаҳри Бохтар, балки минтақаи ҷануби мамлакат мебошад, боиси ҷалби сайёҳони зиёд гардида, ба макони фароғату истироҳати сокинону меҳмонон табдил хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, ки пайдоиши Теппаи Қӯрғон ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX- ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД