arzon replenishment
ТАҲМИНА РАҶАБОВА ДУБОРА МОДАР ШУД?
4704

 

Таҳмина Раҷабова, наттоқ, коргардон ва ҳунарпешаи 38-солаи тоҷик хабар дод, ки дар интизори фарзанди дуввум аст. То имрӯз мухлисонаш Таҳминаро танҳо дар филмҳо ҳомиладор медиданд, аммо ин навбат ӯ дар ҳақиқат ҳомила аст. “Бале, азизонам, ин рост аст.

Ман дар ҳақиқат ҳомиладорам. Ёд дорам, вақте ман аз ташхис гузаштаму ба ман гуфтанд, ки ҳомиладорӣ, боварам наомада буд ва дубора аз ташхис гузашта будам. Ҳамин қадар мегӯям, ки тифли батнам 9 моҳа аст ва интизори ба дунё омаданаш ҳастам”,-навиштааст бону Раҷабова дар саҳифаи Инстаграми худ. Ҳунарпеша ба ҳаводоронаш барои суханҳои гарму пурмуҳаббаташон изҳори миннатдорӣ кардааст, аммо дар хусуси писар ё духтар будани тифли батнаш чизе нагуфтааст. Маврид ба зикр аст, ки Таҳмина Раҷабова дар 18-солагӣ бо писари амакаш оиладор шуда, баъди се соли оиладорӣ аз шавҳараш ҷудо шудааст. Аз издивоҷи аввалааш бо номи Муҳаммадҷовид як писар дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД