Arzon march 2024
“Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025”: Бо ширкатҳои ғолиб шинос шавед!
23.05.2025
Oila.tj
97

Шоми 16-уми май меҳмонхонаи Hyatt Regency намуди бошукӯҳи идона дошт. Намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе, кормандони масъули вазорату идораҳои давлатию ғайридавлатӣ, соҳибкорон, чеҳраҳои шинохтаи фарҳангу ҳунари кишвар ва дигар меҳмонони олиқадр ҷамъ омада буданд, то бо ғолибони лоиҳаи машҳур ва овозадори “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025“ шинос шаванд.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ Директори ширкати “Тайрон” Шаҳноза Ҳамдамова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла чунин гуфт: “Лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” дар партави сиёсати иқтисодии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад. Ҳадафи лоиҳа дастгирии ширкатҳои ватанӣ, тарғиби молу маҳсулоти онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар аст. Ин лоиҳаи муҳими миллӣ аз ҷониби ширкати «Тайрон» дар якҷоягӣ бо Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли ёздаҳум баргузор гардид. Имсол дар лоиҳа 32 ширкату корхонаҳои хурду бузурги кишварамон иштирок намуда, молу маҳсулот ва хизматрасониҳои худро ба мардум пешкаш карданд. Бо мақсади тарғиби ширкатҳо ва маҳсулоти ватанӣ маъракаи васеъи иттилоотӣ ба роҳ монда шуда, лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” тавассути телевизион, радио, рӯзномаю маҷаллаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳам дар формати онлайн ва ҳам офлайн тарғиб гардид. Маъракаи иттилоотӣ беш аз 3 миллион нафарро фаро гирифта, дар сомонаи lmarka.tj беш аз 54 000 шаҳрвандони Тоҷикистон ба ҷонибдории ширкатҳо ва маҳсулоти дӯстдоштаи худ овоз доданд. Ғолибоне, ки имрӯз дар ин толор номашон садо медиҳад, сазовори эътирофи мардум гаштаанд”.

Дар фарҷом директори ширкати “Тайрон” бону Шаҳноза Ҳамдамова барои ҳамкорӣ дар баргузории лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, ба Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон, ба шарики расмӣ ва рақамии лоиҳа - ҶДММ “Индиго Тоҷикистон” таҳти тамғаи “Тсеll”, ба шарикони иттилоотӣ - Телевизиони Сафина, Ширкати телевизион ва радиошунавонии “Ватан”, радиои “Ҳамсадо”, Радиои “Имрӯз”, оҷонсии таблиғотии Арипо визион, Алмос Ориён, ТСТ, сомонаҳои Oila.tj, Pressa.tj ва тамоми иштирокчиёни лоиҳа изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Хайрулло, муовини аввали раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Анваров Насимҷон Наимович, муовини раиси Агентии “Тоҷикстандарт” Малоҳат Рустамзода ва номяндагони дигар вазорату идораҳо иштирок карда, ҷоизаҳоро ба ғолибон супуриданд ва назари худро оид ба лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” ва нақши он дар муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ баён намуданд.

Аз ҷумла, Сафарзода Бахтиёр Хайрулло, муовини вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни суханронии хеш аз Намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ, ки дар доираи лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” рӯзҳои 15, 16 ва 17-уми май дар Кохи Борбад баргузор гашт, ёдовар шуда, гуфт: “Шиносоӣ бо маҳсулоти пешниҳодкардаи иштирокчиёни лоиҳаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” бори дигар собит намуд, ки сифати маҳсулоти ватанӣ сол то сол беҳтар гашта, молу маҳсулоте, ки имрӯз ширкатҳои мо истеҳсол мекунанд, бо маҳсулоте, ки аз хориҷи кишвар ворид мегардад, рақобатпазир гаштааст. Ин аз пешравии саноат дар ҷумҳурӣ дарак медиҳад ва мо бо сари баланд аз уҳдаи саноатикунонии мамлакат дар муҳлати муқарраршуда баромада метавонем”.

Дар маҳфил ҳамчунин ҳунармандони шинохтаи тоҷик Хуҷастаи Мирзовалӣ, Нилуфари Сарбоз, Осиябону ва гулдухтарони ансамбли рақсии ”Падида” иштирок намуда, бо таронаҳои дилнавоз ва рақсҳои мавзуну дилчаспи хеш хотири меҳмонон ва ғолибонро шод намуданд.

Маҳфил пуршукӯҳ гузашта, ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” насиби ин ширкатҳо гашт:

 

1_5

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Сазовори боварӣ” насиби Ҷамъияти дорои маъсулияташ маҳдуди “Фабрикаи қаннодии Амирӣ” гашт.

“Амирӣ” яке аз корхонаҳои бузурги кишварамон маҳсуб ёфта, дар бозори маҳсулоти қаннодӣ ҳамеша пешсаф мебошад. Корхона дар як сол зиёда аз 27 ҳазор тонна маҳсулоти хушсифати қаннодӣ истеҳсол мекунад. “Амирӣ” - рамзи ҳаёти ширин ва сазовори интихоби мардум аст.

1_6

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Муҳаррики тараққиёт” насиби Ҷамъияти дорои маъсулияти маҳдуди «Network Solutions» (NETS) гашт.

NETS паҳнкунандаи интернет ва таъминкунандаи системаҳои телекоммуникатсионӣ буда, дар қатори ширкатҳои камшуморест, ки дар қаламрави Тоҷикистон шабакаи фаромарзии заминӣ доранд, ки имкони транзити каналҳои алоқаро фароҳам меорад. NETS сайъ менамояд, ки экосистемаи хизматрасонии рақамӣ, аз ҷумла IP- телевизион, таҳсилоти онлайн-экспортро васеъ намуда, хидматрасонии муосирро дар манотиқи дурдасти кишвар низ дастрас намояд.

1_7

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Ғамхорӣ дар ҳаққи фардо” насиби Ширкати лоиҳакашиву сохтмонии “Манораи Беҳрӯз” гашт.

“Манораи Беҳрӯз” таҳиякунандаи лоиҳаҳои сохтмони манзилии “Seven Towers” ва “Norak Rover” буда, бо шарофати технологияҳои муосири сохтмон, масолеҳи баландсифат ва мутахассисони олидараҷа дар фаҳмиши “манзили бароҳат” тағйироти куллӣ ворид намудааст. Ин маҷмааҳои хонаҳои интеллектуалӣ бо тарҳи замонавии меъморӣ фарқ карда, дар онҳо шароити беҳтарини зист фароҳам оварда шудаанд ва дар ҳолати набудани барқ лифтҳо аз кор намебароянд.

1_8

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Интихоби оилавӣ” насиби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Шири Душанбе” гашт.

“Шири Душанбе” яке аз корхонаҳои собиқадори соҳаи маҳсулоти ширӣ буда, хоҷагии шахсии зотпарварӣ дорад. Корхона бо тамоми технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва зиёда аз 80 навъ маҳсулоти ширии табииро бо сифати баланд пешкаши мизоҷони сершумораш мегардонад.

2_10

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Назар ба оянда” насиби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Меҳнат” гашт.

Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Меҳнат” зиёда аз 22 сол мешавад, ки ҳамчун ширкати суғуртавӣ фаъолият менамояд. Ширкати “Меҳнат” 23 намуди хизматрасонии суғуртавиро ба роҳ монда, сазовории боварии беш аз 10 ҳазор шаҳрванд ва 100 ташкилот гардидааст.

2_11

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Эҳтиром ва эътимод” насиби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» гашт.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Акиа Авесто Автоматив Индастри» ҳамчун ширкати муштараки Тоҷикистону Туркия фаъолияти худро моҳи январи соли 2018 оғоз намуда, то ба имрӯз 410 адад автобусҳои дохилишаҳрӣ, аз ҷумла 300 адад бо дарозии 12 метр, 100 адад бо дарозии 8 метр ва 10 адад автобусҳои дуошёнаро банду баст намуда, ба корхонаҳои нақлиётии шаҳри Душанбе интиқол дод, ки имрӯзҳо шаҳрро ҳусни дигар бахшида, кору фаъолият доранд.

1_9

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Нуфуз ва ҳаловат” насиби ҶДММ “София Файзиева” гашт.

Маркази саломатии “София” аз ҷумлаи клиникаҳои насли нав буда, ба маризон намудҳои гуногуни хизматрасонии босифати тиббиро дар бахши бемориҳои қалбу асаб, узвҳои ҳозима, узвҳои пешобу таносул, амрози занона ва маризиҳои пӯст бо усулҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ пешкаш менамояд.

3_10

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Маҳсулоти болаззат” насиби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Акома” гашт.

Корхонаи истеҳсоли маҳсулоти гӯштӣ ва ҳасибҳои «Акома» фаъолияти хешро соли 2022 оғоз намуда, дар як баст то 5 тонна маҳсулот истеҳсол менамояд. “Акома” зиёда аз 120 навъ маҳсулот - ҳасибҳои бӯғӣ, дудкардашуда, нимдудкардашуда, ҳасибчаҳо, маҳсулоти гӯштии бӯғпазу дудкардашуда ва ғайра истеҳсол мекунад. Ширкат барои пешрафти соҳа ва иҷрои ҳадафи стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон - амнияти озуқаворӣ саҳми калон гузошта, ба вусъати бозори дохиливу хориҷӣ мусоидат менамояд.

4_9

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Роҳ ба сӯи муваффақият” насиби ширкати “Қолин Сервис” гашт.

“Қолин-сервис” дар соҳаи хизматрасонии клинингӣ яке аз беҳтаринҳост. Аз соли 2018 инҷониб дар сехҳои ин ширкат қолинҳои сохт ва ҳаҷмашон гуногун, матрас, курпаву курпача, болишту рӯйпӯшҳои ғафсу тунук ва ҳатто мебели мулоим аз рӯи технологияҳои муосир ва бо истифода аз таҷҳизоту маводҳои покшӯии замонавӣ ба таври касбӣ тоза карда мешаванд. “Қолин Сервис” дар ҳар хонадон фазои тозагӣ ва ҳаловатро ба миён меорад.

5_6

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Сифати намунавӣ” насиби ширкати “Вахё Килк” гашт.

Ширкати «Килк» корхонаи бузурги тиҷоратиест, ки ба мизоҷонаш маҳсулоти брендҳои маъруфи ҷаҳонии аз ҷиҳати сифат ва ороиш ҷолиби конселярӣ, китобҳо, бозиҳои рӯистолӣ, маводҳои кӯдаконаи томактабӣ ва мактабиро ба таври яклухту чакана дастрас менамояд.

5_7

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи «Бо муҳаббат тайёршуда» насиби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Дӯсти Алишер” гашт.

“Дӯсти Алишер”. Қариб 30 сол мешавад, ки таҳти ин ном яхмосҳои хеле болаззат ва хушсифат, маҳсулоти табиӣ барои ҳама синну сол истеҳсол ва пешкаши мардум мешаванд. Ширкат аз замони таъсисаш то ба ҳол аз як дастаи хурд ба корхонаи калон табдил ёфта, алҳол 60 нафар коргар дорад. Яхмосҳои “Дӯсти Алишер” - маззаи даврони кӯдакӣ ва ифтихор аз истеҳсолкунандаи ватанист!

5_8

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Шарики боэътимод” насиби Маркази савдои “Пайкар” гашт.

“Пайкар” яке аз пешсафони савдои тарҳи замонавӣ буда, солҳо ба муштариён маҳсулоти хушсифати ғизоиро пешкаш менамояд. Ғамхорӣ ба мизоҷон, таваҷҷуҳ ба ҳар як ҷузъиёт дар хизматрасонӣ ва садоқатмандии беандоза нисбат ба сифат “Пайкар”-ро шарики боэътимоди ҳар як оила мегардонад. Шабакаи савдои “Пайкар” ғолиби чандинкаратаи озмуни “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон” ва шарики боэътимод аст.

5_9

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Дастовард дар соҳибкорӣ” насиби ҶДММ “Порсои Хуҷанд” гашт.

Корхонаи мазкур соли 2015 дар доираи иҷроиши дастуру ҳидоятҳои Президенти ҶТ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати таъсиси корхонаҳои коркарду истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ таъсис дода шудааст. Дар ин ҷо зиёда аз 14 намуд маҳсулоти ширӣ истеҳсол шуда, ба харидорони шаҳру навоҳии кишварамон ва берун аз он - ҷумҳуриҳои Қирғизистону Афғонистон пешкаш мешавад. Дар коргоҳ соле зиёда аз се ҳазор тонна шир коркард мегардад.

5_10

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Маҳсулоти табиӣ“ насиби ҶДММ “Чӯҷаи Байзо” гашт.

Ширкати “Чӯҷаи Байзо” аз соли 2018 фаъолият намуда, дар муддати кутоҳ тавонист дар бозори гӯшти паранда мавқеи пешсафро ишғол намояд. Дар ҳар марҳилаи истеҳсолот - аз парвариши паранда то бастабандии маҳсулоти тайёр ба хурдтарин ҷузъиёт диққат дода шуда, сифати бенуқсони гӯшти мурғ таъмин карда мешавад. Ширкат дар давоми як моҳ зиёда аз 100 тонна мурғи аз ҷиҳати экологӣ тозаро истеҳсол менамояд.

5_11

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Қадам ба сӯи фардо” насиби Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Индиго Тоҷикистон”, таҳти тамғаи тиҷоратии TCELL гашт.

Тселл - калонтарин оператори алоқаи Тоҷикистон буда, миллионҳо мардуми кишвар ва хориҷи онро ба ҳам мепайвандад. Ин ширкати муваффақ дорои масъулияти калони иҷтимоӣ буда, тамоми неруи худро барои рушди ҷомеа сарф менамояд. TCELL дастгири фарҳанг, варзиш ва арзишҳои оилавист.

6_5

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Номгӯи васеъ” насиби Ширкати “Сардор-2008” гашт.

Ширкати “Сардор-2008” зиёда аз 100 номгӯй маҳсулоти болаззатро ба муштариён пешкаш менамояд. Тӯли солҳои зиёди фаъолияташ ширкат эътимоди муштариёни бешуморро ба даст овардааст. Ҳар як номгӯи маҳсулот аз рӯи стандартҳои байналмилалии сифат истеҳсол шуда, натанҳо дар бозори дохилӣ, балки дар хориҷи кишвар, аз ҷумла Муғулистону Афғонистон низ бомуваффақият ба фурӯш меравад.

7_4

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Солимии миллат” насиби ширкати фарматсевтии “Revital medicine” гашт.

Ширкати дорупаҳнкунандаи “Revital medicine” аз соли 2017 инҷониб дар қаламрави Тоҷикистон фаъолият намуда, доруҳои муосир ва таъсирбахшро пешниҳод менамояд. Ҳадафи “Revital medicine” инкишоф додани самти ҳамкориҳо ва таъмину дастрасии доруҳои босифат барои ҳар як сокини Тоҷикистон мебошад. Афзалияти асосии бренди “Revital medicine” ғамхорӣ ба саломатии ҳар як сокини Тоҷикистон аст.

6_6

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Навгонӣ дар соҳибкорӣ” насиби Ширкати “ZIRA-Групп” гашт.

“ZIRA Групп” асосан бо таъмини дастгоҳҳои касбии замонавӣ ва таҳвили ғизо аз брендҳои машҳури ҷаҳонӣ машғул аст, вале чанд вақт мешавад, ки самти нави фаъолиятро бомуваффақият пеш мебарад ва ин ба амал баровардани хизматрасонии кейтерингӣ мебошад. Ин навгонӣ ба сокинони пойтахт хеле писанд омадааст ва акнун онҳо итминон доранд, ки бо ZIRA ҳар лаҳзаи ҳаёт метавонад ба лаззату ҳаловат табдил ёбад.

8_1

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Роҳ ба сӯи камолот” насиби ҶДММ “Афзали Хуҷанд” таҳти тамғаи Нисо гашт.

“NISO » тамғаи нисбатан ҷавон аст, вале аллакай ба дили истеъмолкунандагон роҳ ёфта, дар бозори маҳсулоти озуқа ҷои худро пайдо намудааст. Зери тамғаи “NISO” равғани маска, шири тағлизшудаи ширин, яъне сгущенка, майонези 67% истеҳсол мешавад. «NISO» ягона истеҳсолкунандаи майонези хушсифат дар Тоҷикистон аст!

8_2

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Бренди мардумӣ” насиби тамғаи “Молочная радость”-и ҶДММ “Афзали Суғд” гашт.

Ширкати «Афзали Суғд» 25 сол мешавад, ки дар фароҳам овардани маҳсулоти хушсифати ширӣ дар рӯи дастархони мардуми кишвар саҳми намоён мегузорад. Ширкат зиёда аз 20 намуди маҳсулоти ширии табииро ба харидорон пешкаш менамояд. Ширу кефир, йогурту ҷурғот, панирҳои гуногун, сметанаву қаймоқ, маскаву шири пухтаи ширини ин ширкатро дар ҳама шаҳру навоҳии кишвар дилпурона харидорӣ мекунанд. “Молочная радость” бешубҳа бренди мардумист!

8_3

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Рушди устувор” насиби тамғаи “Рамис”-и ширкати “Сатурн-1” гашт.

Ширкати истеҳсолкунандаи маводҳои покшуйӣ ва хокаи ҷомашӯӣ - “Сатурн-1” бо тамғаи Рамис, Day, Сапеда, Лимпопо, BLESK ва Deluxe аз гелҳои ҷомашӯйӣ то ба салфеткаҳои намноку маводҳои антисептикӣ зиёда аз 70 номгӯй маҳсулот истеҳсол менамояд, ки аз рӯи сифат ва банду басташон аз моли хориҷӣ камӣ надоранд. Ширкат барои васеъ намудани истеҳсолот ва номгуи маҳсулоташ устуворона рушд менамояд.

8_4

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Нархи дастрас” насиби ҶДММ “Баҳор маҳсулоти босифат” гашт.

Комбинати маҳсулоти гӯштии “Баҳор” зиёда аз 50 номгӯй маҳсулоти гуногуни ҳасибӣ истеҳсол менамояд. Барои истеҳсоли ҳасибҳо ашё аз фермерҳои маҳаллӣ харидорӣ шуда, дар ҳама марҳилаҳои истеҳсол меъёрҳои қатъии назорати сифат татбиқ мегарданд. Нархи маҳсулот дастрас буда, истеъмолкунандагон ба ҷонибдории тамғаи “Баҳор” овози зиёд додаанд.

8_5

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Интихоби харидор” насиби ҶДММ «Осиё-Инвест» таҳти тамғаи Фатир гашт.

“Осиё- Инвест» - яке аз пешсафони саноати хӯроквории Тоҷикистон буда, таҳти тамғаи “Фатир” орд ва маҳсулоти хушсифати ордиро пешкаши харидорон мегардонад. Корхонаҳои бо техникаи замонавӣ муҷаҳҳаз, технологияҳои муосир,садоқат ба анъанаҳо боиси истеҳсоли маҳсулоти хушсифат мешаванд. Имрӯз «Фатир» рамзи эътимод ҳам барои оилаҳо ва ҳам шарикони тиҷоратист.

8_5

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи «Роҳ ба сӯи камолот» насиби «Қолинҳои ПИЛЛА» гашт.

«Қолинҳои пилла» беш аз 3 сол дар бозори Тоҷикистон фаъол буда, зиёда аз 100 намуд қолинҳои пурнақшу нигори истеҳсоли Туркиё, Эрон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро ба мизоҷон пешниҳод менамояд. «Қолинҳои ПИЛЛА» барои қонеъ гардонидани табъи нозуки тамоми харидорон маҳсулот дорад.

9_1

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Навгонии сол” насиби ҶДММ “Биотехсаноат” таҳти тамғаи Эмир гашт.

ҶДММ “Биотехсаноат” соли 2020 фаъолияти худро оғоз намуда   ба харидорон консерваҳои мевагиву сабзавотӣ, шарбату компот, повидлову мураббоҳои гуногунро пешниҳод мекунад. Тамоми маҳсулот бидуни иловаҳо ва консервантҳо омода шуда, бехатариашонро пеш аз ҳама бастабандии аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд. Имcол ба истеъмолкунандагон маҳсулоти нав-нушокиҳои гуногун - обҳои нушокии газдору бе газ, чой бо таъми шафтолуву лимӯ, обҳои нушокии 20 литра барои куллер таҳти тамғаи “Эмир” пешнҳод карда шуд.

9_2

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Эътирофи бйналмилалӣ” насиби ҶДММ Кока-Кола Нушокиҳои Тоҷикистон“ гашт.

Маъруфияти ин бренди ҷаҳонӣ дар кишвари мо баъди ифтитоҳи филиали ширкат дар Тоҷикистон дар соли 2015 боз ҳам афзуд. Дар   ду хати истеҳсолотӣ ширкат барои 10 миллион истеъмолкунанда ҳар сол зиёда 120 миллион литр нушокиҳои тамғаи “Кока-Кола”-ро истеҳсол ва пешкаш менамояд. «Кока-Кола Нӯшокиҳои Тоҷикистон» аввалин корхонаи ватанӣ бо эътирофи байналмиллалӣ дар соҳаи агросаноатии Тоҷикистон гашта, барои шаҳрвандони ҷумҳуриамон ҷойҳои корӣ ва имконияти рушди корхонаҳои хурди байнисоҳавиро ба миён овард.

9_3

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Муҳаррики тараққиёт” насиби ширкати “Наҷот” гашт.

“Наҷот” ҳамчун аввалин ширкати шабакавии тоҷик соли 2016 таъсис ёфта, қариб 10 сол мешавад, ки туфайли истеҳсолу фуруши маҳсулоти табии гигиенӣ ва зебоӣ, аз қабили шампуну кремҳо, хамираи дандоншуӣ ва шонаҳои маҳскунанда, атр, чою равғанҳои шифобахш, асали тоза, қаҳва ва ҷӯроби зиддибактериявӣ боварии мардумро ба даст овардааст.

9_4

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи  “Ибтикори тиллоӣ“ насиби ширкати нассоҷии ”Арвис” гашт.

“Арвис” аввалин ва ягона ширкати нассоҷии амудӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки бо таҷҳизоти замонавии нассоҷӣ, ки аз кишварҳои Олмон, Белгия, Туркиё ва Ҷопон оварда шудаанд, муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти сифаташ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ ҷавобгуй ва рақобатпазир истеҳсол менамояд. Иқтидори истеҳсолиаш 300 тонна дар як моҳ аст. Сачоқҳои гуногунҳаҷму хилъатҳои ҳаммомии “Арвис” аз ҷиҳати экологӣ тоза ва нарму гуворо мебошанд.

9_5

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи    “Бо мурури вақт санҷидашуда” насиби “GM PHARMA” гашт.

GM PHARMA - корпоратсияи байналмилалии фарматсевтӣ буда, маҳсулоташ дар заводҳои аз руи меъёри GMP дар Аврупои Ғарбӣ ва Гурҷистон истеҳсол мешавад. Дар озмун ширкат дорувории Aler-G-ро пешниҳод намуда буд. Дорувории Aler-G - интихоби духтурон ва беморони гирифтори аллергия буда муҳофизати боэътимод аз нишонаҳои аллергия барои тамоми оила аст! Таъсири нарм дорад ва бидуни эҳсоси хоболудист.

9_6

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Интихоби харидор” насиби ШОКОЛАТЬЕгашт.

“ШОКОЛАТЬЕ”- сехи қаннодиест, ки мағозаи фирмавии худро дорад. Хурду калон ҳамарӯза аз маззаи торту   кулчақандҳои бомазза ҳаловат мебаранд. Тӯли зиёда аз се соли фаъолияташ дар сех зиёда аз 40 ҳазор торту кулчақандҳои болаззат бо меҳру муҳаббат ва кордонии хоса тайёр ва пешкаши ҳаводорон шудааст. Қаннодиҳои “ШОКОЛАТЬЕ” дастархони чорабиниҳои гуногунро оро медиҳанд, туҳфаи хубу лазиз ҳам ҳастанд!  

 9_7

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Роҳ ба сӯи камолот” насиби ширкати AROMACOCO гашт.

Ширкати AROMACOCO зиёда аз 200 навъ атриёти брендӣ ва 50 намуд дастгоҳи намнок ва муаттаркунандаи ҳавои хона, автомобил ва биноҳои тиҷоратиро дар кишвари мо ба фуруш мебарорад. Чанде пас ширкат бо истифода аз накҳатҳои фирмавии хеш ашёи кимиёвӣ ва ороишоти косметикӣ истеҳсол карда, пешкаши ҳаводорон менамояд.

9_8

Ҷоизаи “Тамғаи писандидаи Тоҷикистон-2025” дар номинатсияи “Маҳсулоти машҳур” насиби тамғаи “Файзи Расул” бо маҳсулоти гӯштӣ аз вилояти Суғд гашт.

Ширкат 22 сол боз ҳамчун истеҳсолкунандаи боэътимод ва масъули маҳсулоти гӯштӣ худро ба истеъмолкунандагон муаррифӣ кардааст. Доираи васеи маҳсулоти гӯштии “Файзи расул”, ки аз 140 номгуй иборат аст, ҳама гуна табъу талаботро қонеъ мегардонад. Маҳсулоти “Файзи Расул” бо сифати олияш берун аз кишвар низ машҳур буда, дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ сазовори ҷоизаву дипломҳои зиёд гаштааст. «Файзи Расул» - файзи дастархони тоҷикистониён аст!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД