Formula 2025 may
Таҷлили 80-солагии Иди Ғалаба дар “Газпром нефт Тоҷикистон”
474

9-уми майи соли 2025 яке аз бузургтарин, муқаддастарин ва муҳимтарин идҳо дар таърихи башарият, 80-солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба муқобили Германияи фашистӣ ҷашн гирифта мешавад. Ба ифтихори ин санаи муборак имрӯз, 8-уми май ширкати “Газпром нефт Тоҷикистон” чорабинии зебо ва бошукӯҳи идона доир намуд. Аҳли эҷоди сомонаи Oila.tj меҳмони “Газпром нефт Тоҷикистон” шуда, аз рафти ин чорабинӣ гузориши кӯтоҳе таҳия намуданд.

Чорабинӣ ба поси хотираи неки ветеранҳо ва шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки 80 сол қабл барои наҷот додани башарият аз зулми фашистони гитлерӣ ва пойдории сулҳ дар ҷаҳон ҷони худро қурбон намудаанд, бахшида шуда, бо садо додани Гимни Федератсияи Россия ва Суруди миллии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Пас аз ин Сафири Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Григорев Семён Вячеславович, Сафири Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Денисенко Виктор Александрович ва Директори генералии ширкати “Газпромнефт Тоҷикистон” Мирзоев Фарҳод Султонбекович ба сухан баромада, дар боби аҳамияти таърихии Иди Ғалаба ва нақши иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар сарнагун кардани фашизм ва пойдории сулҳу осудагӣ дар ҷаҳон суханронӣ намуданд.

Ҳозирин баъди суханронии сафирон хотири шаҳидони Ҷанги Бузурги Ватаниро бо лаҳзаи хомӯшӣ пос доштанд, пас аз ин, кӯдакону наврасони боистеъдод дар мавзуи ҷанг ва ғалаба шеъру сурудҳои пурмазмунро пешкаши меҳмонони чорабинӣ гардониданд.

Дар фарҷом бори дигар аз номи сомонаи Oila.tj ва ширкати “Газпром нефт Тоҷикистон” тамоми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва заҳматкашони ақибгоҳро, ки дар он солҳои душвор аскаронро бо маводи хӯрока ва сарулибос таъмин менамуданд, дар қатори қаҳрамонони ҷонфидои Ватан кулли мардуми собиқ ҷумҳуриҳои Шӯравиро бо 80-солагии Рӯзи Ғалаба самимона муборакбод мегӯем!

Умедворем, ки корнамоиҳои ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар мубориза бар зидди неруҳои гитлерӣ барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат гашта, ҳама талоши худро баҳри пойдории сулҳу субот ва ободию осоиштагии Ватан равона месозанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД