Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки ба вазифаҳои вазири рушди иқтисод ва савдо ва роҳбарони намояндагиҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Сарвари давлат, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқизода Завқӣ аз вазифаи вазири рушди иқтисод ва савдо озод шуда, Абдураҳмонзода Абдураҳмон, ки дорои собиқаи корӣ ва таҷрибаи кофӣ дар мақомоти давлатӣ мебошад, вазири рушди иқтисод ва савдо таъин гардид.
Ҳамчунин, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сафирони Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Австрия, Ҷумҳурии Италия ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон консулҳои генералии кишвар дар як қатор вилоятҳо ва шаҳрҳои Федератсияи Русия аз ҳисоби кадрҳои дорои таҷрибаву собиқаи корӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи муосир таъин гардиданд.