Таҳқиқи навори маҷбуран бурдани домод: рафиқон дар гарданаш “засос” гузоштаанд
05.11.2025
Oila.tj
315

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чандин расонаҳои хабарӣ наворе паҳн гардид, ки дар он лаҳзаи аз ҷониби шахсони номаълум ба таври маҷбурӣ бурдани домод тавассути автомашинаи сабукрав инъикос ёфта, муаллифи навор бо ҳадафи ғаразнок ва дидаву дониста бо нашри хабари бардурӯғ онро ба хизматӣ ҳарбӣ алоқаманд намуда, дар якчанд шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн намудааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, таҳқиқи навор, ки милитсияи Хатлон дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти салоҳиятдор анҷом додааст, муайян намудааст, ки ҳодисаи мазкур ба хизмати ҳарбӣ бурдани домод алоқамандӣ надошта, ифодагари сатҳи пасти тафаккуру ҷаҳонбинии муаллифону саҳнасозони он мебошад.

Чунончи, муайян карда шудааст, тибқи як анъанаи ғайрирасмӣ, ки дар деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Ҳамадонӣ маъмул аст, як гурӯҳ рафиқони домод Сайдалиев Султон, санаи таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҳамадонӣ, ҷамоати Хуҷамуъмин, деҳаи Меҳнатобод, бо мақсади саҳнасозӣ ва шӯхиҳои бемаврид, маҷбуран домодро дар назди тӯйхона ба дигар автомашина савор карда, ба дигар мавзеъ бурдаанд. Баъдан рафиқонаш дар гардани домод осори дандон (засос) гузошта, раҳо мекунанд.

Дар натиҷа 4 нафар рафиқони домод аз ҷониби кормандони милитсияи Хатлон дастгир, барои содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ, саҳнасозии бемаврид, паст задани шаъну шарафи домод дар вақти маросими хонадоршавӣ парвандаҳои маъмурӣ тартиб ва дар асоси қарори суд нисбати ҳар кадоме ба муҳлати 10-шабонарӯзӣ ҳабси маъмурӣ татбиқ карда шудааст.

Ин чор нафар Эмомалӣ Сулаймон, санаи таваллудаш 22.12.2002, сокини деҳаи Меҳнатобод, Миронов Абубакр Сабзаалиевич, санаи таваллудаш 25.05.1996, сокини деҳаи Меҳнатобод, Миронов Амирҳамза Сабзаалиевич, санаи таваллудаш 13.05.1993, сокини деҳаи Меҳнатобод, Сафаров Муҳаммад, санаи таваллудаш 12.07.1994, сокини деҳаи Меҳнатобод будаанд.

- Бо назардошти он, ки шаҳрванд Сайдалиев Сайдалӣ Маҳмадалиевич санаи таваллудаш 19.04.1996 сокини деҳаи болозикр ҳодисаи мазкурро наворбардорӣ ва дидаву дониста, ки он саҳнаҳои бемавриду ҷоҳилонаи як гурӯҳ ҷавонон аст, бо мақсади доғ овардан ба шаъни Артиши миллӣ онро ҳамчун ҳодисаи ҷалби маҷбурии домод ба сафи Артиши миллӣ бозтоб намудааст, нисбаташ маводҳои санҷишӣ тартиб дода шуда, чораҳо барои оғози парвандаи ҷиноятӣ андешида шуда истодааст,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД