arzon replenishment
ТАҚДИРҶУНБОН (АНҶОМ)
6748

 

ИДОМААШ.....

Ишқи интернетӣ

Ин дафъа бо илкашолии зиёд боз ба Русия рафтам. Чанд вақти аввал дар хона бекор мехобидам. Баъзан дилгир шуда, вориди интернет мегаштаму наворҳои нав тамошо мекардам.

Як рӯз тариқи интернет бо як духтар шинос шудам. Ӯ аз ман 2 сол калон буд ва дар пойтахт мезист. Суҳбатҳои тӯлонии шабонарӯзӣ, смсҳои ошиқона, арзу дарди дил ва въдаҳояш ҳушу гӯшамро пурра ба худ кашид. Дигар ҳатто ба хона занг ҳам намезадам. Ваъда додамаш, ки баргардам дидор мебинам.

Вақте аз Русия баргаштам, ӯро ба мулоқот даъват кардам. Дар вақти сӯҳбат гуфт, ки аз шавҳари фавтидааш 3 фарзанд дорад. Пурсид, ки метавонам ба ятимаконаш падар шавам. Боз чанд шарти дигар ҳам дар пешам гузошт. Ман, ки пардаи ишқ пеши чашмамро пӯшида буд, зану фарзандонамро фаромӯш карда, ҳамаи шартҳояшро қабул кардам. Оиладор шудему ман ба хонаи ӯ кӯчидам. Оилаам аз омаданам огоҳ набуд. Онҳо фикр мекарданд, ки ман ҳанӯз ҳам дар муҳоҷиратам.

Вақте бори аввал ҳамроҳ бо зани навам сар ба болин мондам, нохост дастони аз зарби мардикорӣ кафидаву шахшӯлшудаам ба баданаш расиданд. Сумая дарав кафи дастонамро бо дастонаш молиш дода, гуфт, ки “ман ҳамсари ту будан намехоҳам, чунки ту дур аз ман дар Россия ин қадар меҳнати сахт мекуниву ман ин ҷо аз ҳисоби ту кайфу сафо карда мегардам”. Ҳарчанд ба ӯ вазъи муҳоҷиронро мефаҳмонидам, аммо қабул накард ва талоқашро хост. Ҳамин тавр, ӯ баъди ду моҳ шавҳар кард. Ман боз баромада ба Русия рафтам.

Тарошаи аз бом афтида ...

Вақте аз тайёра фаромадам, ба тарафаи метро равон шудам, то тезтар ба иҷорахонаам расам. Он ҷо дигар рафиқонам интизори баргаштани ман буданд. Дар даруни метро ногаҳон Сулҳия вохӯрдам. Ӯ вақте маро дид, сахт ба оғӯшам гирифту зор - зор гирист.

Сулҳияро ба яке аз боғҳои истироҳатӣ бурдам. Ҷоеро интихоб карда, зиёда аз ду соат бо ҳам сӯҳбат намудем. Ӯ ҳар замон аз ман узр мепурсид. Дар вақти суҳбат нақл кард, ки вақте ба Москва омад, апааш ӯро ба як хеши шавҳари худаш оиладор кард. Як сол зиндагӣ намуданду соҳиби як духтарча шуданд, аммо духтарчааш нобино буд. Шавҳараш, ки тифли нобиноро аз рӯзи таваллудаш намехост, бо ҳар баҳона ҳамроҳаш ҷанг мекард ва оқибат аз ҳам ҷудо шуданд. Ҳоло бешӯ ва дарбадар аст.

Баъди ин дидору суҳбат ман ӯро гусел кардам, ҳарчанд аз ҳам ҷудо шудан намехостем. Ман ба ӯ менигаристаму ӯ бо дидаҳои гирён ба таксӣ савор шуда рафт.

“Депорт” – и ғайричашмдошт

Дар шаҳрҳои Россия ҳар гуна коре, ки аз дастам меомад, мекардам. Аз ягон навъи меҳнат саркашӣ намекардам, зеро фарзандонам калон мешуданд. Барои худам дар як кунҷи деҳаамон замин гирифта, хона сохтам. Баъд барои пӯшонидани боми хона боз ба Русия рафтам, аммо ин дафъа корам омад накарду дигар ҳуқуқи сафар ба ин кишварро аз даст додам, зеро маро дар фурӯдгоҳ депорт карданд.

Ба ватан баргашта, бо азобҳои зиёд бомро пӯшида, як ҳуҷраи хонаи навамро таъмир кардаму аз хонаи модарам кӯч бастам. Дар хонаи нав боз соҳиби як духтарчаи нозанин шудам. Соҳиби ҷои кори хуб ҳам шудам, аммо муносибатам бо ҳамсарам бетағйир буд. Агар давоми як моҳ ҳафтае бо ҳам оштӣ бошем, ҳатман ду ҳафтаи дигар қаҳрӣ мегардем. Ӯ маро чашми дидан надораду ман ӯро.

Ҳар вақте бо ҳамсарам ҷанҷол мекунам, таҳдидаш мекунам, ки аз ӯ ҷудо мешавам, аммо вақте фарзандони дӯстрӯякамро мебинам, ба худ қавл медиҳам, ки онҳоро зиндаятим намекунам.

Ҳайронам ки чаро занамро чун Сулҳия дӯст дошта наметавонам. Ҳар боре ӯро ба ёд меорам, аз ғам месӯзам. Аз он дидор қариб 10 сол гузашт, аммо баъди он то имрӯз ҳамдигарро надидем. Ҳатто аз хурсандии зиёд рақами телефонашро ҳам нагирифтам. Акнун ҳайронам, ки бо занам чӣ кор мекунам. Доим аз худ мепурсам, ки ман ӯро чӣ гуна хушбахт карда метавонам? Оё бо ҳамдигар пир мешавем ё бевамард мешавам? Саволҳое, ки ҳар рӯз майнаамро мехӯранд, аммо посух надоранд. Ҳайронам ...

Шокир НАИМОВ,ноҳияи Рашт

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД