Зиндагӣ аҷаб қонунҳои даҳшатнок ва ноадолатона дорад. Бо вуҷуди он ки тақдир ҳамеша думболагири инсон аст, на ҳама аз тақдиру қонунҳои зиндагӣ дилшикаставу ноумед мешаванд.
Танҳо нафарони боирода, новобаста аз синну сол ин бозиҳоро пушти сар намуда, барои худ ояндаи нек бунёд месозанд. Зеро чархи гардун рӯзе ба онҳо низ навбат медиҳад, то ба қуллаҳои мурод бирасанд.
Қаҳрамони мо, Билоли 12-сола маҳз ана ҳамин ноҷӯриҳои зиндагиро бар дӯш дорад. Соли чорум аст, ки ӯ як паллаи тарозуи рӯзгорро бо дигараш баробар кардан мехоҳад. Ҳамарӯза баъд аз дарсҳои мактаб шишаи маҳлули зарфшӯиро дар як даст ва дар дасти дигар латта гирифта, сӯйи кӯча мешитобад. Билол ба ин ҳол кайҳо одат кардааст. Ӯ дар ин синнусол дунёи кӯдакӣ ва шириниҳои онро қариб, ки фаромӯш кардааст. Кӯдаки ночор меҳнат мекунад, бо машаққатҳои зиёд кор мекунад. Ҳатто рӯзҳои таътил субҳ то шом дар пайи ризқу рӯзӣ дар кӯчаҳои шаҳр овора аст.
Билол ҳамеша ҷойҳои серодаму сермошинро интихоб мекунад. Мошинҳоеро, ки соҳибонашон дар таваққуфгоҳ гузошта, ба мағоза, бозор, ошхона ё ҷойи дигар рафтаанд,бо латтаи нам пок мекунад. Сипас бо маҳлули зарфшӯӣ чархи онҳоро пок мекунад, ки воқеан баъди хушк шудан ҳам ҷило медиҳанд. Аз рӯйи гуфти худаш то ин дам дар назди чандин мағозаву бозор ва ошхонаву тарабхонаҳои гуногуни шаҳр кор кардааст. Ин наврасак то бегоҳ метавонад чархҳои то 20–30 автомобилро ҷилонок кунад. Вале муҳим он аст, ки соҳибони ин мошинҳо бар ивазимеҳнати ҳалолаш чӣ қадар подош медиҳанд? Билол мегӯяд, ки аксарашон маблағи хеле кам медиҳанд. Баъзан одамоне пайдо мешаванд, ки 5–10 сомониро ҳам дареғ намедоранд. Вале ин ҳолат хеле кам рух медиҳад. Дар бисёр маврид Билол бо муносибати дурушту дашному ҳақорат рӯбарӯ мешавад. Кормандони милиса меронандаш. Вале ба ҳар ҳол дар як рӯз то 15–20 сомонӣ ба даст меорад.
Мо Билолро дар назди “Қурутобхонаи Олим” вохӯрда будем. Ӯ бачаи лоғарандоми рангпарида, дар тан либосҳои кӯҳнаву чиркину тунуку даридаву дарбеҳкарда, дар пойҳояш пойафзоли пӯстхестаи ҳарҷодаридаи тирамоҳӣ дошт. Дастонаш аз шиддати сардӣ суп–сурх ва кафида, ҷо–ҷо харошида ва захмин буданд.Гоҳ – гоҳ бинӣ мекашид, лабҳои хушку кафидаашро мелесид ва аз кисаи курткаи дарбеҳдораш, ки нӯги селофане овезон буд, “роллтон” гирифта ба даҳон мебурд. Вале аз кор намемонд. Дастонаш чолокона меҷунбиданд ва зуд–зуд аз назди як чарх ба дигараш мерафт. Танҳо лаҳзае меистоду даст пеши даҳон мебурд ва бо ҳавли даҳон гарм мекард. Он рӯзи сарди зимистон ҳарорат ба -3 дараҷа мерасид.
Аввал чанде аз дур ӯро назорат кардам, сипас оҳиста–оҳиста наздаш рафта нишастам. Ӯ аз ҳаракат бозмонду нигоҳи ҳаросону нобоварона сӯям дӯхт. Намедонистам чӣ гуна бо ӯ ҳарф бизанам. Саволҳои зиёде дар зеҳнам пайдо мешуданд. Ба худ мегуфтам, чаро ин кӯдаки бегуноҳ дар ин азобу машаққатасту мо роҳатем? Чаро ризқу рӯзии ҳама баробар нест? Магар ин ҳам айби тақдир аст? Риштаи хаёлотамро овози кӯдак гусаст: “Ака, ин мошини шумо? Ина бинед, ман балоноша тозаву хушрӯ кардум. Ягон сум те акаҷон, дуо мекунам”.
Ин суханҳои илтиҷоомез рашъае буданд, ки тамоми вуҷудамро ба ларза дароварданд. Вале ҳанӯз ҳам карахт будам. Аз чӣ бошад, ки садову симояшро бо додари худ қиёс мекардам. Ӯ ба ман наздиктар омада, боз суханашро такрор кард: “Акаҷон, бинед мошинтон чӣ хел хушрӯ шуд. Як сум бтен, дуо мекнам”. Ин дафъа ба худ омадаму кисаамро кофта, як даҳсомонаро бароварда, ба ӯ дароз кардам. Кафи дастони карахтшудаашробазӯр кушоду пулро гирифт ва лаҳзае ҳайрон гоҳ ба рӯйи ман, гоҳ ба пули дасташ нигоҳ мекард. Баъд хиҷолатомез пурсид: “Ака, иқа пули бисёр додед. Дари мошина кушоед, ман даруншам тоза мекунам”. “Не, раҳмат додарҷон. Ҳаминаш кифоя” гуфтаму даме ба нигоҳҳои маъюсаш назар дӯхтам. Ӯ ҳам хомӯш, ҳайрон–ҳайрон сар то пои маро аз назар гузаронида, сардӣ гӯё нав ба танаш таъсир карда бошад, ба ларза даромаду дастонашро пеши даҳон бурда, гарм кардан гирифт. Ин лаҳзаҳо ман худро ночор ҳис мекардам. Ночории ман дар он буд, ки наметавонистам ба ӯ дасти ёрӣ дароз кунам. Гирдоби саволҳо дар зеҳнам гардиш мекарду ҳушу ёди маро ҳам ба коми худ кашида буд.
Билол дубора латтаву маҳлул ба даст гирифт ва аз пайи кораш шуд. Ман ҳам хаёлолуд аз наздик кори ӯро мушоҳида мекардам. Дастони карахташ чунон чолокона ҳаракат мекарданд, кимаҷбур шудам аз дунёи хаёлот берун шуда, аз паси ӯ ҳаракат кунам. Билол зуд–зуд аз назди як чарх ба дигараш мерафт ва гоҳ–гоҳ даст пеши даҳон бурда гарм мекард. Вале акнун чеҳрааш каме кушодабуд ва ба ман нигоҳ карда, табассум ҳам мекард.Аз табассумаш ба зери дил хурсандӣ мекардам, вале ҳоло мехостам ӯро саволборон кунам. Падару модар дошта бошад? Агар ҳа, дар куҷоянд, магар аз ҳоли фарзандашон хабар доранд?Намехостам бо ин гуна саволҳо қалбашро озор диҳам. Андак таббассумаш аз нав ғайб занад. Барои ҳамин мавзӯи саволро аз дуриҳо оғоз кардан хостам. Аз ӯ дар синфи чанд хонданашро пурсидам. Ӯ аввал ҳаросону нобоварона, вале оҳиста – оҳиста боҷуръаттар ба як саволи ман ҳама қиссаи талхи ҳаёташро нақл кард.
Билол дар синфи шаш таҳсил намуда, як хоҳару як додар доштааст. Додараш даҳсола, хоҳараш ҳаштсола. Падараш маъюби барҷомонда будааст. Аниқтараш чор сол пеш дар муҳоҷирати меҳнатӣ шахсони номаълум ӯро ба ин ҳол овардаанд. Пештар дар пушти бинои Сирки давлатӣ хона доштаанд, вале баъди бо чунин ҳол аз Россия баргаштани падар, модараш хонаро фурӯхта, ӯро ба чандин беморхонаҳо бурдааст. Вале ҳама кӯшишҳо бенатиҷа. Ҳоло аз хонаи худ маҳрум, аз як ҷо ба ҷои дигар иҷоранишин будаанд. Билол рӯзи бозгашти падарро бо як сӯзу гудоз ёд овард: “Отам ҳар сол Россия мерафт. Ҳаму сол ман синфи ду мехондам. Қати отам ҳар рӯз дар телефон гап мезадем. Лекин як рӯз телефонаш ҷавоб надод. Худашам занг назад. Ҳамин хел ду моҳ гузашт. Мо ҳар рӯз гиря мекардем. Очам ҳар рӯз занг мезад, лекин ҳичка ҷавоб намедод. Фақат баъди ду моҳ отама оварданд. Дар аробачаи маъюбӣ. Дасту пойҳош докапеч. Вай мора намешинохт”.
Баъди ин ҳарфҳо замин гӯё аз зери поям рафта буд. Беихтиёр ашк мерехтам. Нафасам тангӣ мекард. Дандон ба дандон мемондам, то гиряро фурӯ нишонам. Ашкамро пок мекардам, то Билол набинад. Ӯ ҳам бо сари хам сукут мекард. Лаб мегазид, ашки шашқаторашро тоза мекард, зуд–зуд бинӣ мекашид. Вале боз сар бардошту нақлашро давом дод.
Додару хоҳараш, яке то нисфирӯзӣ, дигаре баъди нисфирӯзӣ ҳангоми фориғ будан аз дарсҳои мактабӣ назди падар монда, нигоҳубинаш мекардаанд. Модар назди дари бозорҳо нишаста, кабудӣ мефурӯхтааст. Ҳамин тавр, қути лоямути ин оиларо Билолу модараш пайдо мекардаанд.
Билол боз сукут кард. Сараш хам буду чашм аз пойафзолаш намеканд ва ашкҳо аз чашмонаш дона–дона рӯйи онҳо мерехтанд. Охирин ҷумлаҳояш канда–кандаву гиряолуд ва дилхарош буданд, ки Билол пас аз чанд дақиқаи хомӯшӣ ба забон овард: “Почаҳом ях карданд. Попӯшиҳом танг шудагӣ. Дарунаш тар шуда, ях кардагӣ. Мехоҳам попӯшиҳои нав харам, лекин додару хоҳарам гушна мемонанд”.
Ин дам соҳиби мошини сиёҳшишае, ки Билол чанде пеш чархҳояшро тоза карда буд, аз куҷое пайдо шуд. Ӯ дари мошинашро кушода, акнун савор шуданӣ буд, ки Билол зуд наздаш рафт ва илтиҷоомез муроҷиат кард: “Акаҷон, балонҳои мошинта тоза кардам. Ягон сум наметӣ?” Мард хомӯшу хаёлолуд лаҳзае ба сар то пои Билол назар карду кисаҳояшро кофта, як даҳсомониеро бароварда ба ӯ дод ва зуд ба мошин савор шуда, дарро пӯшид. Билол боз ҳайратзада буд, вале боз андаке табассум гирди лабҳояш пайдо шуда буд. Ӯ ба мард боз чизе гуфтанӣ буд, вале мошин аллакай ба ҳаракат оғоз карда, дигар фурсати боздоштан набуд. Билол бо ҳамон нимтабассум ба сӯям нигоҳе карду пулҳояшро аз киса бароварда, боло бардошт. Ду даҳсомонӣ ва боз якчанд танга буд дар дасташ. Ман ҳам бо табассум сар ҷунбондам ва ба хурсандии ӯ шарик буданамро нишон додам. Ӯ қаноатмандона тарафи дигари роҳ гузашту аз нав ба кори худ идома дод.
Ман ҳанӯз дар ҷойи нишастаам ноҷунбон меистодам. Аз хушҳолии Билол хурсанд будам, вале қиссаи талхи ӯ ба ман сахттар таъсир гузошта буд. Ҳанӯз ҳам ба худ меандешидам, ки то кай ӯ бо ин машаққат бори зиндагӣ мекашида бошад. Он тарафаш танҳо ба Худо аён аст.