Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанд барои ширкат дар нишасти вазирони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Федератсияи Русия доир ба масоили марбут ба Афғонистон дар рӯзи зодрӯзи шахсияти шинохта Садриддин Айнӣ аз Хона-музейи устод дидан кард.
Вазир дар доираи ташриф ба хотираи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, нависанда ва шоири бузург Садриддин Айнӣ эҳтиром ба ҷо овард.
Сарвари Хона-музей Амриддин Пӯлодов ба меҳмонон дар бораи таърихи ташкили осорхона, фаъолияти эҷодии Садриддин Айнӣ дар шаҳри Самарқанд маълумот дод.
Баъди ин, Сироҷиддин Муҳриддин, дар дафтари хотироти осорхона андешаҳои худро навишт.
Ҳамзамон, дар арафаи таҷлили 145 –солагии устод Айнӣ Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба Осорхонаи устод 90 китоби тозанашр тақдим намуд. Адабиёти тозанашр аз ҷониби Вазорати фарҳанги Тоҷикистон тавассути Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ирсол гардида, ба ин муассисаи фарҳангӣ дастрас гардид.