Дар Муассисаи давлатии “Маркази шаҳрии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил” маросими супоридани дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ бо зеҳни сунъӣ ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Абдухолиқ Амирзода ва шарикони рушд иштирок намуданд.
Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дастгоҳҳои мазкур аз ҷониби Барномаи рушди СММ дар доираи амалисозии “Барномаи миллии ҳимояи аҳолӣ аз бемории сил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” ба вазорат супорида шудаанд.
Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода зимни қабули дастгоҳҳои мазкур иброз намудааст, ки хушбахтона давоми солҳои охир дастовардҳо дар соҳаи силшиносии мамлакат зиёданд.
- Аз ҷумла солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат дар муассисаҳои соҳавӣ харидорию васл гардидани дастгоҳҳои рентгени рақамии портативӣ бо зеҳни сунъӣ ба анҷом расонида шуд, ки ин ташаббус дар самти дарёфти саривақтии бемории сил мусоидат намуд,- мегӯяд мавсуф.
Тавре зикр мегардад, афзалияти дастгоҳҳои рентгени портативӣ бо зеҳни сунъӣ дар он аст, ки онҳо камҳаҷми сабук буда, барои муоинаи эҳтиёҷмандони дар ҷойҳои дур ва дар ҷойҳои душвор зиндагикунанда пешниҳод карда мешаванд. Инчунин, ҳангоми гирифтани акс ҷойҳои осебдида дар экрани компютер нишон дода шуда, он дар набудани барқ бо аккумулятори офтобӣ фаъолият мекунад. Бо чунин таҷҳизоти муосир имкон аст, ки шахси гирифтори сил дар марҳилаҳои аввали беморӣ дарёфт карда шавад.