arzon replenishment
ТАҲДИДИ 12 СОЛИ ЗИНДОН БА МИХАИЛ ЕФРЕМОВ БАРОИ ОДАМКУШӢ
2050

 

Михаил Ефремов, ҳунарманди 56-солаи театр ва синамои рус шаби 8-уми июн дар роҳи мошингарди майдони Смоленскаяи шаҳри Маскав бо автомобили тамғаи “Jeep Grand Cherokee”-и худ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомобили хизматрасонии тамғаи “Lada” бархӯрдааст.

Дар ин бора хабаргузории “РБК” иттилоъ медиҳад. Ба гузориши манбаъ, худи ҳунарманд аз ин садама осеб надидааст, вале Сергей Захаров, ронандаи автомобили хизматрасониро, ки ба таҳвили молу маҳсулот машғул буд, дар ҳолати вазнин ба бемористон интиқол додаанд.

Мутаассифона, дили Захарови 57-сола субҳи 9-уми июн дар бемористон аз тапидан бозмондааст. Натиҷаи ташхис нишон додааст, ки ҳунарманд дар ҳолати сархушӣ аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобил ҳаракат кардааст ва сабабгори асосии садама ба ҳисоб меравад. Додгоҳи ноҳияи Таганский дар шаҳри Маскав ҳунармандро бо банди “а”, қисми 4, моддаи 264-и Кодекси ҷиноятӣ (вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ, ки аз беэҳтиётӣ дар ҳолати мастӣ содир шуда, боиси марги инсон шудааст) ба муддати ду моҳ ба ҳабси хонагӣ фиристодааст. Гуфта мешавад, ки Ефремовро баъди тафтиши пурраи ҳодиса то 12 соли маҳрумият аз озодӣ интизор аст. Ҳунарманд дар наворе, ки дар фазои Интернет паҳн шудааст, мегӯяд, ҷабрдидаро табобат мекунад, зеро пули бисёр дорад.

Маълум аст, ки Ефремов маст буда, чӣ гуфтанашро намедонад. Михаил Ефремов зодаи шаҳри Маскав аст ва унвони Ҳунарманди хизматнишондодаи Русияро дорад. Панҷ маротиба оиладор шуда, соҳиби шаш фарзанд, се писару се духтар ва як набера мебошад. Дар зиёда аз 20 намоишномаи театрӣ ва наздики 130 филм нақшҳои хурду бузург офаридааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД