Sebiston new 2024 october
Табодули таҷриба миёни табибони Тоҷикистон ва Олмон
16.09.2024
ОИЛА.ТҶ
414

Мавзӯи “Вазъи кунунӣ ва протоколҳои табобат ва нигоҳубини занони ҳомиладори гирифтори ВНМО ва занони ҳомилае, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд” дар як семинари омӯзишӣ дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар, дар семинар муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ғафур Муҳсинзода, мутахассисон аз кишвари Олмон, табибони акушер - гинекологҳо, наркологҳо, табибони кӯдакона ва неонатологҳо аз шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намудаанд.

- Гуфта шуд, ки имрӯз тамоми дорувориҳои зиддиретровирусӣ дар Тоҷикистон дастрас буда, онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд ройгон тақсим карда мешаванд. Ғайр аз ин, тамоми хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) зиндагикунанда ройгон ба роҳ монда шудааст. Дар сурати истифодаи саривақтии доруҳо ва ҷиддӣ риоя намудани беморӣ, ВНМО идорашаванда мебошад. Дар ҳолати табобати саривақтӣ ва истеъмоли дору нафарони гирифтори ин беморӣ метавонанд фарзандони солим ба дунё оранд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар семинар ба иштирокчиён доир ба паҳлуҳои гуногуни вируси норасоии масунияти одам (ВНМО) аз ҷониби мутахассисони соҳа маълумот пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон иштирокчиён доир ба стандартҳои табобат ва дастгирии занони ҳомиладори гирифтори ВНМО ва занони ҳомила низ, ки маводи мухаддир истеъмол мекунанд дар Олмон ва Тоҷикистон, баромад кардаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД