gazprom august 2025
Табобати варикоз бо гиёҳҳо
31.08.2025
Oila.tj
63

Салом! Ман зани 50-сола ҳастам. Аксари занҳо дар 30-35-солагӣ ба варикоз гирифтор мешаванд, вале пойҳои ман то ин дам ба мисли пойи духтаракон буд. Намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки як-ду моҳи охир дар пойҳоям нишонаҳои варикоз пайдо шуда истодаанд. Барои пешгирии он ба ман чӣ тавсия медиҳед?

ФАРИЗА, ш. Душанбе

Посухи табиб:

- Маслиҳати ман ҳаимн аст, ки сари вақт аз паси табобат шавед, вагарна рагҳои поятон боз ҳам васеътар шуда, ниёзи ҷарроҳӣ ба вуҷуд меояд. Алҳол, ки варикоз нав пайдо шудааст, метавон ин ин давоҳо истифода баред.

Нусхаи аввал

Гиёҳи талхявшонро нағзакак шуста кӯбед ва як истаконашро бо ним литр ҷурғот аралаш карда, дар болои докаи чорқабата рехта, ба рӯйи рагҳои васеъгаштаи поятон бандед. Ин амалро рӯзе ду маротиба такрор намуда, ду-се соат хобидан лозим аст.

Давои дигар

Шабона дар рӯйи сони сафед як қабат асал молида ба рӯйи рагҳои васеъгаштаю дардманд бандед, дардашро мегирад ва ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад. Шаби аввал асалро дар пой 2 соат, шаби дуюм 4 соат ва шабҳои дигар то саҳар нигоҳ доред.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД