Arzon march 2024
Табобати панкреатит бо гиёҳҳои шифобахш
28.02.2025
Oila.tj
552

Салом! Ман Файзигул, сокини шаҳри Бохтар, чанд сол боз ба бемории панкреатит гирифторам. Бо сабаби кӯдаки ширхора доштанам имкон надорам, ки дар беморхона хобида, табобат бигирам. Чанд вақт дар хона дорую дармони фармудаи духтурҳоро гирифтам, вале чандон фоида накард. Шунидам, ки ин касалиро бо гиёҳҳо ҳам табобат кардан мумкин будааст. Бо умед муроҷиат кардам, ки шояд табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Насриддиншоев ба ман ягон маслиҳати муфид медиҳанд.

ФАЙЗИГУЛ

Посухи Садридиншоҳ Насриддиншоев:

- Дар ҳақиқат, гиёҳдармонӣ дар муолиҷаи бемории панкреатит бисёр таъсири хуб дорад. Мо тӯли чандин сол инро дар амал санҷида истодаем ва дар ин муддат ба дарди садҳо маризон даво бахшидем.

Хоҳари азиз, ман ба шумо ва дигар бемороне, ки панкреатит доранд, чанд давои содаро тавсия медиҳам. Умедворам, ки баъди гирфтани ин давоҳо ҳолатон рӯ ба беҳбудӣ мениҳад.

Ба парҳез риоя намоед!

Фаромӯш накунед, ки шарти муҳимтарини шифоёбии гирифторони бемории панкреатит ин парҳез мебошад. Хоҳед, ки зудтар аз ин беморӣ халос шавед, аз истеъмоли хӯрокҳои сахти дерҳазмшаванда, серравған, тез, тунд ва равғани ҳайвонот худдорӣ намоед.

Даво аз ҷавдор

Ду қошуқ ҷавдорро муддате дар об тар карда, баъдан дар ҳован (уғурак) кӯбед ва дар ним литр об муддати 10 дақиқа ҷӯшонед. Пас аз хунук шуданаш онро полонда, рӯзе се маротиба нимпиёлагӣ, ним соат пеш аз хӯрок нӯши ҷон намоед.

Давои гиёҳӣ аз зелол ва газна

Ман ба шумо боз як давои гиёҳиро тавсия медиҳам, ки хеле муфид аст. Реша ё пӯсти решаи зелол, бӯймодарони дуруштбарг, момирон, газна ва ҷағ-ҷағ - аз ҳар яки ин гиёҳҳо якқошуқӣ гирифта, ба термос андозед ва аз болояш як литр оби ҷӯш рехта, даҳонашро маҳкам

кунед. Ду соат пас дору тайёр мешавад. Онро ҳар рӯз ба анзодаи 50-грамӣ пеш аз хӯрок нӯшидан лозим аст.

Даво аз пудинаи боғӣ ва чоқла

Дар кишвари мо чоқла хеле зиёд мерӯяд. Чанд решаи чоқларо кӯфта, орд кунед. Ба як қошуқи он як қошуқи пӯсти лӯбиё, гулу барги газна, пудинаи боғӣ, гули ҳамешабаҳор ва бобунаро илова кунед ва ҳамаашро ба термос андохта, аз болояш оби ҷӯшида резеду даҳони зарфро маҳкам карда, як-ду соат нигоҳ доред. Ин даворо ҳар рӯз якпиёлагӣ нӯшидан лозим аст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД