Табобати дарди сар бо пудина ва тухми мурғ
27.11.2025
Oila.tj
85

Салом! Ман 3 сол шуд, ки аз дарди сар азоб мекашам. Ба назди чандин табибони номдор рафтам, вале касе ба дардам даво ёфта натавонист. Сарам беҳад сахт дард мекунад ва ба як тараф мекашад. Дигар тобу тоқати ин дарди ҷонкоҳро надорам, илтимос, ягон илоҷашро ёбед!

ЗАРРИНА, аз ш. Ваҳдат

Посухи табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ:

- Нишонаҳое, ки шумо зикр намудаед, ба сардарди мигренӣ хос ҳастанд. Одатан беморони мубталои мигрен аз сарусадоҳо, овози баланд, равшании офтоб ва шуълаи равшани чароғи барқ нороҳат мешаванд. Агар чизҳое, ки гуфтем, шуморо ҳам азият медода бошанд, пас бо тавсияҳои мо амал намоед. Боварӣ дорам, ки ин давоҳои содда дар як муддати кӯтоҳ ҳоли шуморо беҳ хоҳанд кард.

Нусхаи аввал

Бодранҷбӯя (мелиса) ва пудинаи боғиро якҷоя карда, аз таркиби ҳосилшуда 2 қошуқашро ба чойник андозед ва аз болояш оби ҷӯшидагӣ резед. Дар давоми рӯз ба ҷойи чой кам-кам аз ҳамин об нӯшида истед, дарди саратонро таскин мебахшад.

Нусхаи дигар

Ҳафт рӯз ҳар саҳар дар як истакон шири гарм як дона тухми мурғро андохта, каме кобеду нӯши ҷон намоед.

Нусхаи сеюм

Як дона пиёзи бехиро дар 200-300 грамм об муддате биҷӯшонед ва субҳгоҳон дар дили наҳор хӯред. Ин амалро 40 рӯз бояд идома дод.

Нусхаи чорум

Як қошуқи чойхӯрӣ сиркои себ ё ангурро дар 100 грамм об бо як қошуқча асал омехта карда бинӯшед ва дар чакаҳои саратон равғани пудина ё балзами ветномӣ молида, бо ангуштонатон массаж намоед. Саломат бошед!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД