Sebiston new 2024 october
Табобати бехобӣ бо асалу ҷурғот
794


Салом! Ман зани 50-сола ҳастам ва қариб ду моҳ боз аз бехобӣ азият мекашам. Саломатиам хуб аст, ягон ҷоям дард намекунад, вале шабҳо ҳеҷ хобам намебарад.

Тамоми шаб аз як паҳлӯ ба паҳлӯи дигар гашта, танҳо соатҳои 5-6-и субҳ ҳамагӣ як-ду соат хобам мебараду халос. Асабҳоям аз бехобӣ хароб шудаанд. Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед. Хоби аз дидаи паридаамро чӣ гуна баргардонам?


Гулбаҳор, аз н. Рӯдакӣ.

Посух
Ба хотири кӯмак ба ин хонандаи азизамон мо аз табиби мардумӣ Садриддиншоҳ Ҷалолӣ хоҳиш кардем, ки дар бораи роҳҳои осони табобати бехобӣ каме маълумот диҳанд. Тавре ки ин табиби машҳур гуфт, бехобӣ мушкили хеле ҷиддӣ буда, натанҳо асабҳои касро хароб месозад, балки метавонад боиси сар задани дарду иллатҳои дигар низ гардад. Аз ҳамин хотир, шахсоне, ки мушкили бехобӣ доранд, бояд ҳатман ба духтури асабшинос муроҷиат намуда, табобат бигиранд. Барои ором гаштани асаб ва хоби бароҳат ҳар бегоҳ 15-20 дақиқа пеш аз ба бистари хоб даромадан ҳаммом кардан лозим аст. Имконияти ҳар шаб ҳаммом кардан надошта бошед, пеш аз хоб пойҳоятонро то зону дар оби гарм нигоҳ доред. Барои рафъи бехобӣ шумо метавонед ҳамчунин аз давоҳои халқие, ки дар зер меорем, истифода баред.

Нусхаи аввал
Асал дар баробари хусусиятҳои зиёди табобатӣ доштанаш метавонад дар рафъи бехобӣ низ ёрӣ расонад. Орому бароҳат хобидан хоҳед, шабҳо пеш аз хоб як қошуқ асалро бо як пиёла ҷурғот омехта карда, нӯши ҷон созед. Ҷурғот дар ҳазми хӯрок ва кори мӯътадили меъдаву рӯдаҳо ёрӣ мерасонад, асал бошад, асабро ором месозад ва ҳамин тавр ҷисми шумо оромиш пайдо карда, оромона сар ба болин мегузороед ва бароҳат мехобед.

Нусхаи дигар
Барои аз бехобӣ халосӣ ёфтан аз баъзе гиёҳҳо низ истифода бурдан мумкин аст. Яке аз чунин гиёҳҳои хобовар фавониё мебошад, ки бештар бо номи русии пион машҳур аст. Миқдоре аз ин гиёҳро ҷӯшонда, обашро полонед ва нӯши ҷон созед. Имконияти дастрас кардани ин гиёҳро надошта бошед, аз маҳлули тайёри фавониё, ки дар дорухонаҳо бо номи “настойка пиона” фурӯхта мешавад, истифода баред. Аз ин маҳлул 20-30 қатрагӣ рӯзе 3-4 маротиба нӯшидан лозим аст.

Нусхаи сеюм
Барои рафъи бехобӣ боз як давои олиҷаноби гиёҳӣ вуҷуд дорад. Ин даво “Олимп” аст. Шахсоне, ки муддати тӯлонӣ аз бехобӣ азият мекашанд, агар рӯзе ду бор як қошуқчагӣ “Олимп” нӯшанд, аз бехобиашон ному нишон намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД