formula feb 2025
Табибон роҳи табобати нобиноии модарзодии чашмро пайдо карданд
572

Табибони чашм дар Лондон дар илми тиб навгонӣ намуда, роҳи табобати нобиноии модарзодии чашмро пайдо карданд.

Бори аввал дар таърих чанд нафар кӯдакони оҷиз, ки аз модар нобино ба дунё омада буданд, баъди табобат бо усули нав чашмонашон бино гаштааст. Акнун онҳо рӯйи падару модарашонро мебинанд, метавонанд мустиқилона ҳар хел бозичаҳояшонро ёбанд ва ҳатто китоб хонанд.

Тифлаконе, ки ба таври муъҷизавӣ шифо ёфта, чашмонашон бино гаштааст, гирифтори нобиноии модарзодӣ буданд, ки онро “амауроз” меноманд. Сабаби сар задани ин иллат мутатсия ё худ вайроншавии гени AIPL1 мебошад, ки тифлро дар батни модар нобино месозад.

Табибон ба гавҳараки чашмони чунин кӯдакон нусхаҳои солими гени мазкурро ворид намудаанд ва дар натиҷа чашмони кӯдакон бино гашта, метавонанд қатори дигар ҳамсолонашон зиндагии солим ба сар баранд, ба мактаб раванд ва аз тамошои зебоиҳои гирду атроф лаззат баранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД