goodwell
“Табиби сол-2026”: Бо беҳтаринҳо шинос шавед!
53

Рӯзи 17-уми сентябр дар толори Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон маросими тантанавии супурдани мукофотҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” баргузор гашт.

Табибонро мардум интихоб намуданд

Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” моҳи майи соли равон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ”эълон гашта, ба ҷашни муқаддаси 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуд буд. Ба озмун зиёда аз 2200 нафар табибон аз гӯшаву канорҳои гуногуни кишвар пешбарӣ гаштанд.

Яке аз вижагиҳои озмуни “Табиби сол-2026” дар он буд, ки интихоб ба худи мардум вогузор гашта, аҳолии кишвар тариқи сомонаҳои “Самт. тч”, “Фазои имконот” ва шабакаҳои иҷтимоӣ фикру мулоҳизаҳои худро дар бораи ҳар як иштирокчии озмун навишанд ва бо роҳи овоздиҳӣ табибони беҳтаринро интихоб намуданд. Дар баробари ин, коммисияи босалоҳият, ки аз ҷониби  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ташкил шуда буд, ба дастовардҳои касбӣ ва корҳои илмию амалии иштирокчиён баҳо дода, беҳтаринҳоро интихоб намуданд.

Ҳамин тавр аз байни 2256 нафар довталабон 96 нафар табибон ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд.  

Намоиши дастовардҳо

Қабл аз оғози маросими тантанавӣ роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва меҳмонон аз намоишгоҳи шарикони Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» дидан намуданд. Дар намоишгоҳ Лоиҳаи EpiC, «Тибтаҷҳизот», Бонки байналмилалии Тоҷикистон (IBT), Маркази тиббии Sofia Clinic, «Доруи Ман», Revital Medicine, LadyHealthcare, Маркази стоматологии Family Dent, ҶДММ «Динар Сервис», клиникаи кардиоваскулярии «Дилу рагҳо» ва Belinda маҳсулот, хизматрасонӣ ва самтҳои фаъолияти худро муаррифӣ намуданд.

Қадршиносии табибон

Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори ҷамбасти Озмуни ҷумҳуриявии “Табиби сол-2026” дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ баргузор гашта, дар он вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, муовини якуми вазир Саломуддин Юсуфӣ, муовинони вазир Абдухолиқ Амирзода ва Ҳабибулло Хайруллозода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони сохторҳои зертобеи вазорат, шарикон оид ба рушд, ташкилкунандагон ва ғолибони озмун иштирок намуданд.

Ҳамин тавр аз байни 2256 нафар довталабон 96 нафар ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфта, аз ин миён танҳо 31 нафар дар Озмуни ҷуҳуриявии “Табиби сол-2026” ғолиб омаданд. Ҷоизаҳоро ба ғолибон  вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода супурданд.  

Тибқи хулосаи Комиссияи экспертии ҳайати ҳакамони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ғолибон инҳо эълон гардиданд:

«Беҳтарин табиби беҳисгардон ва эҳёгар» - Хушназарова Васила Солеҳҷоновна

«Беҳтарин таҳлилгар-озмоишгар» - Неъматзода Анвар Неъмат

«Беҳтарин гинеколог» - Девонаева Хуршеда Муҳаммадҷоновна

«Беҳтарин табиби гинеколог» - Самадова Дилрабо

«Беҳтарин табиби бемориҳои пӯст»-Давлатзода Ганҷинаи Абдуқодир

«Беҳтарин мутахассиси ташхиси инструменталӣ ва ултрасадоӣ» - Баротова Саодат Тоҳировна

«Беҳтарин табиби сироятшинос»-Надиров Исфандиёр Бобониёзович

«Беҳтарин табиби дилшинос» - Шарифзода Сафаралӣ Гург

«Беҳтарин табиби ташхиси нурӣ»- Абдуллаев Бунёд Мамарофиевич

«Беҳтарин табиби асабшинос» - Фирузаи Искандарӣ

«Беҳтарин табиби неонатолог» - Ганҷалов Муминҷон Хурсанбоевич

«Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ» - Раҳмонов Шоҳинҷон Ҷалолович

«Беҳтарин табиби ҷарроҳи умумӣ, торакалӣ ва эндоҷарроҳ» - Шарифзода Суннатулло Аҳмад

«Беҳтарин табиби саратоншинос» - Райҳонов Файзулло Худойназарович

«Беҳтарин табиби оториноларинголог» - Қосимова Дилором Ашуровна

«Беҳтарин табиби офталмолог» - Муҳидинов Амирҳамза Аслудинович

«Беҳтарин табиби педиатр» - Раҳимова Сайрам Аҳмадовна

«Беҳтарин табиби педиатр» - Азамхонова Афзуна Валиевна

«Беҳтарин равоншинос» - Маликов Наимҷон Воҳидҷонович

«Беҳтарин табиби оилавӣ» - Ортиқова Мунира Мамурҷоновна

«Беҳтарин табиби ҷарроҳи дилу рагҳои хунгард ва рентгенэндоваскулярӣ» - Бурҳонов Шамсиддин Шаҳобиддинович

«Беҳтарин стоматолог ва ҷарроҳи ҷоғу рӯй» - Холов Сайдалӣ Абдуғафорович

«Беҳтарин табиби терапевт» - Мирзовалиев Ораз Хусанбоевич

«Беҳтарин табиби осебшинос-раддод» - Мерабонов Сураҷ Ширинбекович

«Беҳтарин табиби осебшинос-раддод» - Ғафуров Шоҳон Файзиддинович

«Беҳтарин табиби уролог ва андролог» - Асадов Саидалӣ Қудратович

«Беҳтарин табиби силшинос» - Раҷабов Аслидин Саидбурҳонович

«Беҳтарин табиби ғадудшинос» - Самиева Шаҳноза Тимуровна

«Беҳтарин табиби эпидемиолог» - Сатторов Сафархон Сайдамирович

«Беҳтарин корманди ташкилоти ҷамъиятӣ» - Давлятова Гулнора Амоновна

«Беҳтарин фарматсевт» - Султонов Юлдошҷон Қаҳҳорович.

 Қобили зикр аст, ки қисми зиёди ғолибон табибони ҷавоне мебошанд, ки бо ҷорӣ намудани усулҳои наву замонавии тахшис ва табобати бемориҳои гуногун аллакай дар байни мардум маҳбубият пайдо кардаанд.

Чаро 3 номинатсия кам шуд?

Озмуни ҷумҳуриявии «Табиби сол - 2026» дар ибтидо аз рӯи 35 номинатсия эълон гардида буд. Аммо, мутаассифона, на дар ҳамаи номинатсияҳо иштирокчиён шартҳои пешбинишудаи озмунро пурра иҷро намуданд. Дар баъзе самтҳо табибон тамоми маводи заруриро пешниҳод накарданд ё ба ҳадди ақали муқарраршудаи 50 шарҳу назар аз беморон нарасиданд. Аз ин рӯ, тибқи натиҷаҳои ҳамаи марҳилаҳои озмун ва хулосаи Комиссияи экспертии ҳайати ҳакамон ғолибон дар 31 номинатсия аз 35 номинатсияи эълоншуда муайян карда шуданд. Шартҳо ва меъёрҳои ягонаи озмун нисбат ба ҳамаи иштирокчиён, новобаста аз ихтисос, минтақа ва шумораи довталабон дар номинатсия, татбиқ гардиданд. Ғолибон бо дарназардошти сатҳи касбият, таҷриба, дастовардҳо, нашрияҳо, хизматҳои арзанда ва натиҷаҳои фаъолияти меҳнатӣ муайян карда шуданд.

Ф. САТТОРӢ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД