Sebiston new 2024 october
Табибе, ки бо суруд табобат мекунад
1719


Малоҳат Мадалиеваро дар Истаравшан чун зани ҳунарманд ва фолклорсаро хуб мешиносанд. Ин ҷавонзани хушовоз дар тӯю маъракаҳо саломнома ва таронаҳои халқӣ суруда дар байни халқ обрӯву эътибор ва маҳбубияти зиёде дорад.

Малоҳат дар тамоми маъракаҳо гули сари сабад аст, вале...
             Санъаткор шудани духтар гуноҳ аст?

Мардуми тоҷик аксаран санъатдӯстанд ва аз шунидани суруду таронаҳои дилнишини ҳофизон лаззат мебаранд, аммо аз чи бошад, ки санъаткор шудани фарзандонашонро намехоҳанд. Махсусан барои духтарон қадам гузоштан ба роҳи ҳунар бисёр душвор аст, чунки бархе аз мардум ба зани санъаткор, яъне ҳофиза ё раққоса назари нек надоранд. Аз ҳамин сабаб волидон, махсусан онҳое, ки дар кӯҳистон зиндагӣ мекунанд, намехоҳанд, ки духтарашон ба роҳи санъат рафта, ба қавле сари онҳоро дар байни мардум паст кунад.


Бо амри падар ҳамшираи шафқат шудам, вале...


Малоҳат, ки духтари кӯҳистон аст, барои санъаткор шудан бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гашта, барои расидан ба орзуҳои ширинаш монеъаҳои зиёдеро паси сар кардааст. Ин зани санъатдӯст чи тавр ба кӯйи ҳунар рӯй оварданашро ба мо чунин қисса кард:
“Ман аз кӯдакӣ дар чорабинию маҳфилҳои мактабӣ баромад карда, суруду таронаҳои халқӣ месурудам, вале баъди он ки ба воя расида, ба қавле духтари қадрас шудам, волидонам дар саҳна баромад карданро ба ман манъ карданд. Пас аз хатми мактаб хостам ҳуҷҷатҳоямро ба донишкадаи санъат супорам, лекин падарам қиёматро қоим карда, иҷозат надоданд.

Таъкид карданд, ки фикри сароянда шуданро тамоман аз сарам дур кунам, чунки он кас маро духтур карданиянд. Аслан ман падарамро гунаҳкор ҳам намекунам, чунки мардум ба занҳои санъаткор назари нек надоштанд ва падарам аз тарси гапи халқ барои ҳунарманд шуданам иҷозат надоданд. Хуллас, ночор ба Коллеҷи тибби шаҳри Истаравшан дохил шудам, вале ҳарчанд кӯшиш карда бошам ҳам, ҳеҷ меҳри санъатро аз дилам берун карда натавонистам...”

                       Озмуни тақдирсоз
Соли 1975 озмуне бо номи "Ғунча" баргузор гашт ва ҳамин озмун барои санъаткор шудани Малоҳат роҳ кушод. Малоҳат дар ин озмун яке аз фаъолон маҳсуб меёфт. Дар ин озмун ба мисли Малоҳат чандин ҷавонони санъатдӯсти дигар иштирок доштанд, ки касбу ҳунарҳои мухталиф дошта бошанд ҳам, дилбохтаи суруду мусиқӣ буданд. Дар даври ниҳоии озмун ҷавонони Истаравшан ғолиб омада дар ҷумҳурӣ сазовори ҷойи аввал гаштанд. Ғолибони озмунро бо сафари ҳунарии даҳрӯза ба Эстония фиристоданд.

                       Исёни хушдоман
Тавре ки қаҳрамони мо қисса кард, меҳри ҳунар ҳатто баъди оиладор шудан низ аз дили Малҳат зудуда нагашта, борҳо аз шавҳар ва модаршӯяш хоҳиш кардааст, ки барои санъаткор шудан ба ӯ иҷозат диҳад, аммо аҳли хонаводаи ҳамсараш ҳамеша зид мебаромаданд.

"Хушдоманам доимо ба сурудхонии ман зид мебаромаданд. Намегузоштанд, ки дар тӯю маъракаҳо суруд хонда ба мардум хурсандӣ бахшам. Мегуфтанд, ки дар байни халқ баромад кардани зани ҷавон айб аст, мардум ба ҳоли мо механданд. Билохира, бемор шудам ва ҳолам рӯз то рӯз бадтар шуда, рангам зарду бистарӣ гаштам. Зани меҳрубоне тавсия дод, ки агар сурудхониамро идома диҳам, шояд аз ин беморӣ халос мешавам. Ҳамин тавр пинҳонӣ дар маъракаҳо кам-кам суруд мехондагӣ шудам”-қисса мекунад Малоҳат.

"Келинсалом - анъанаи қадимаи тоҷикон"

Саломномахонӣ ва рӯбинон аз зумраи анъанаҳои қадимаи тоҷикон буда, дар ҳар шаҳру навоҳии мамлакат ба таври ба худ хос гузаронида мешавад. Ин маърака дар баъзе минтақаҳо рӯзи тӯй ва дар баъзе манотиқ як рӯз баъди ба хона овардани арӯси нав баргузор мешавад. Дар ин маросими зебои суннатӣ зане саломнома хонда, бо воситаи суруд хешу табори домодро ба арӯс ва баръакс ҷониби арӯсро ба хешованди домод шинос мекунад. Ҳар як меҳмони омада барои наварӯс тӯҳфа меорад ва дар навбати худ ҷониби арӯс ҳам ба онҳо армуғон медиҳад. Малоҳат Мадалиева аз соли 2012 инҷониб гули сари сабади чунин маҳфилҳо буда, дар тӯю маъракаҳои мардум саломнома мехонад. Ин зани ҳунарманд мегӯяд, ҳамеша кӯшиш мекунад, ки дар саломномааш рӯбоиҳои халқии пурмазмунро суруда, арӯсаконро ба ҳурмату эҳтиром кардани хусуру хушдоман, дӯст доштани шавҳар ва посдории анъанаҳои неки оидадорӣ ҳидоят намояд.


Дил ёбу қанд хӯр!


Малоҳат дар баробари он ки дар маъракаҳо сурудҳои панду ахлоқӣ мехонад, ҳамзамон бо ҳазлу шӯхиҳои намакин табъи ҳозиринро болида мегардонад.
"Имрӯз таваҷҷӯҳи мардум нисбат ба фолклор хеле зиёд аст, зеро фарҳангу маданияти одамон то дараҷае боло рафтааст. Аксарият мехоҳанд, ки дар тӯю маъракаҳояшон келинсалом хонда шавад. Ҳар рӯз камаш ду-се нафар маро ба тӯю маърака барои хондани келинсалом даъват мекунанд ва баъдан чунин мешавад, ки аз серкорӣ наметавонам дар вақти муайяншуда ҳозир шавам. Рӯзе дар як маърака камтар дар кардам. Вақте ба тӯйхона расидам, дидам, ки ҳама бо қошуқ қавоқи овезон ва табъи нохуш ба ман менигаранд. Зуд дасту остин барзада дар васфи ҳар яки ҳозирин бо доира ягон рубоии ширин сурудам. Мардум хушҳол шуда, ба рақсу бозӣ сар карданд...” ёд меорад Малоҳат.

Накҳати гуҳои худрӯй

Малоҳат Мадалиева ҳамчун зани фолклорсаро барои таъсис додани гурӯҳи фолклорсароён дар шаҳри Истаравшан ташаббус гузштааст. Айни ҳол вай роҳбарии гурӯҳро ба зимма дошта, аз ҳисоби занони боистеъдоду санъатдӯст сафи фолклорсароёнро торафт зиёд менамояд.
Ин бонуи хушсадо ба хондани шашмақом низ шавқи беандоза дорад ва бо ифтихор мегӯяд:
"Ман мактаби олии мусиқиро хатм накардаам, лекин аз ӯҳдаи сурудани шашмақом, ки ниҳоят жанри душвор буда, оҳанги ба худ хоси дилошубу рӯҳнавоз дорад, баромада метавонам.”
Истеъдоди Малоҳат худодод буда, ба гули худрӯе мемонад, ки накҳати хоси худро дорад. Мо ба ин зани ҳунарманд тани сиҳат ва барори кор хоҳонем.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД