Солҳои 2025-2030 дар кишвар “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсияҳо” эълон гардидааст. Тоҷикистонро лозим меояд, ки ба пешравии бузурги технологӣ ноил шавад. Ин ба ҳаёти шаҳрвандони ҷумҳурии мо чӣ таъсир хоҳад расонид? Барои инро тасаввур кардан кофист, ки ба дастовардҳои яке аз ширкатҳои пешсафи пешбарандаи инноватсияҳои рақамӣ – “МегаФон Тоҷикистон” назар афканем.
Ҳаёт бидуни навбатпоиҳо
Пардохти андозҳо ва боҷҳои давлатӣ, барасмиятдарории қарз ё полиси суғуртаи автомобилӣ – дар шакли анъанавӣ ҳамаи ин корҳо ба раванди тӯлонӣ ва баъзан раванди хастакунанда табдил меёфт. Зарур меомад, ки ба идораи ташкилоти зарурӣ равем, дар навбатҳо истем ва вақти зиёди худро сарф кунем. Воқеияти рақамӣ тамоман роҳи дигарро пешниҳод дорад. Якчанд дақиқа бо смартфон дар даст – ва мушкилӣ ё якчанд мушкилӣ ҳал шуд. Ҳамин тариқ, дар замимаи мобилии “МегаФон Life” метавон қарзҳои “Орзу”-ро ба даст овард ва суғуртаи автомобилиро ба расмият даровард. Дар қисми “Пардохтҳо”-и “Ҳамён”-и замима даҳҳо хизматрасониҳои давлатӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо ҷамъ оварда шудаанд. Метавон бе мушкилӣ маблағи хизматрасониҳои коммуналӣ, андозҳо, боҷҳои давлатиро пардохт намуд. Ҳар яке аз ин амалиётҳоро метавон, масалан, аз хона дар болои курсии нарм нишаста ба амал баровард. Нуқтаи махсусан муҳим он аст, ки чунин имкониятҳо на танҳо дар шаҳрҳои калон, балки дар ҳама маконҳое, ки дар онҳо шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” фаъол мебошад, дастрас ҳастанд.
Ҳаёт бидуни хавф
Ҳалли масъалаҳои зикршуда бо роҳи анъанавӣ – варианти нисбатан хавфнок мебошад. Дар вақти рафтан ба бонк ё ташкилоти давлатӣ эҳтимол аст, ки ҳуҷҷатҳо ё ҳамён бо маблағ гум карда шаванд. Бо технологияҳои рақамӣ чунин ҳолат ҷой нахоҳад дошт. Бехатарии транзаксияҳои рақамӣ ва ҳифзи маълумотро технологияҳои муосири рамзбандӣ, ки аз ҷониби ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба кор бурда мешаванд, таъмин мекунанд. Агар ба ғайр аз ин тамоми воситаҳои зарурии ҳимоя, ба монанди биометрия истифода карда шаванд, барои маблағҳову маълумоти шахсии худ метавонед умуман нигарон набошед.
Ҳаёт бидуни интизориҳои тӯлонӣ
Хизматрасониҳои рақамӣ – роҳи аз ҳама зуди ҳалли бисёр масъалаҳои маишист. Ин ба хадамоти мизоҷони оператор низ дахл дорад. Алҳол барои аниқкунии шартҳои тарофа, танзимкунии хизматрасонӣ ё тафтиши тавозун лозим намеояд, ки ба мушовирон зангҳо анҷом дода, ҷавоби онҳоро мунтазир шуд, зеро дар дилхоҳ сония чат-боти Доно бо муштариён дар тамос аст. Аниқтараш, аллакай намунаи нави он – Dono AI дастрас аст, ки он технологияҳои зеҳни сунъиро ба кор мебарад. Чат-бот доимо бе танаффус дар амал аст, ҷавобҳоро ба саволҳои намунавӣ муштариён аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон қариб якбора ба даст меоранд. Аллакай ҳозир Dono AI наздики 9% ҳамаи муроҷиатҳоро ба зиммаи худ мегирад. Бо рақам ин ҳазорҳо муштариён дар як рӯз мебошад. Зеҳни сунъӣ ба чат-бот дар гирифтани таълим – азхудкунии забони тоҷикӣ, дарки саволҳо ё паёмакҳои ғайристандартӣ, ки бо ихтисораҳо навишта шудаанд, кӯмак мерасонад. Ба шарофати чунин технологияҳо муштариён зуд ва босифат хизматрасонӣ мешаванд.
Ҳаёт бидуни маҳдудият ва масофа
Бо инкишофи шабакаи “МегаФон Тоҷикистон” интернети босуръат пайваста ба гӯшаҳои дурдасттарини кишвар ворид мешавад. Ин маънои онро дорад, ки ҳатто дар қишлоқи кӯҳӣ одами дорои смартфон имкон дорад, ки ба наздикони худ, ки дар гӯшаи дигари Тоҷикистон ё хориҷа зиндагӣ дорад, маблағ гузаронад. Тариқи интернет молҳои заруриро фармоиш диҳад. Тариқи онлайн таълим гирад. Нахустнамоишҳои синаморо якҷоя бо сокинони пойтахт тамошо кунад. Аз хизматрасониҳои давлатӣ истифода барад, масалан, бидуни рафтан ба маркази ноҳия маълумотномаҳоро дастрас намояд. Технологияҳои рақамӣ бо суръати баланд инкишоф меёбанд ва ҳамин тавр одатҳои моро низ тағйир медиҳанд. Метавон боварӣ ҳосил кард: то соли 2030 тамоми мақсадҳои гузоштаи ҳукумати кишвар амалӣ хоҳанд шуд. Зеро ширкатҳои пешсафи самти рақамикунонӣ аллакай асоси мустаҳкам гузоштанд, то ки инноватсияҳои рақамӣ на танҳо мавзӯи мақолаҳои рӯзномаҳо бошанд, балки ба воқеияти миллионҳо шаҳрвандони Тоҷикистон табдил ёбанд.
Digital-эволюция: как цифровые технологии меняют жизнь
Период 2025-2030 объявлен в стране «Годами развития цифровой экономики и инноваций». Таджикистану предстоит совершить большой технологический скачок. Как это отразится на жизни граждан нашей республики? Чтобы представить это, достаточно посмотреть, что уже сделано одним из лидеров цифровых инноваций – компанией «МегаФон Таджикистан».
Жизнь без очередей
Оплата налогов и госпошлин, оформление кредита или полиса автострахования – в традиционном формате всё это превращалось в долгий и подчас утомительный процесс. Приходилось ехать в офис нужной организации, стоять в очередях, тратить время и нервы. Цифровая реальность предлагает совершенно иной путь. Несколько минут со смартфоном в руках – и задача решена. Или даже несколько задач. Так, в мобильном приложении «МегаФон Life» можно получать кредиты «Орзу», оформлять страховку авто. В «Кошельке» приложения в разделе «Платежи» собраны десятки государственных и иных услуг. Можно без труда оплатить счета за жилищно-коммунальные услуги, налоги, госпошлины. И любую из этих операций можно совершить, к примеру, дома, сидя в кресле. Особенно важно, что такие возможности доступны не только в больших городах, а повсюду, где работает сеть «МегаФон Таджикистан».
Жизнь без риска
Решение упомянутых задач традиционным путём – это ещё и более рискованный вариант. Во время поездки в банк или госорганизацию можно забыть или потерять документы, кошелёк с наличными. С digital-технологиями такое в принципе невозможно. А безопасность цифровых транзакций и защиту информации обеспечивают современные технологии шифрования, применяемые компанией «МегаФон Таджикистан». Если кроме этого использовать все дополнительные способы защиты, включая биометрию, то беспокоиться о своих финансах и персональных данных не придётся.
Жизнь без долгих ожиданий
Цифровые услуги – самый быстрый путь решения множества бытовых вопросов. Это касается и клиентского сервиса оператора. Сейчас не нужно дозваниваться до консультантов, чтобы уточнить условия тарифа, настроить услугу или проверить баланс - в любую секунду на связи с абонентами чат-бот Доно. Точнее, уже его новая версия Dono AI, применяющая технологии искусственного интеллекта. Чат-бот не спит и не делает перерывов, ответы на типовые вопросы абоненты из всех уголков Таджикистана получают практически сразу. Уже сейчас Dono AI берёт на себя порядка 9% всех обращений. А это тысячи клиентов в день. Искусственный интеллект помогает чат-боту учиться – осваивать таджикский язык, понимать нестандартные вопросы или сообщения, написанные с сокращениями. Благодаря таким технологиям абоненты обслуживаются быстро и качественно.
Жизнь без границ и расстояний
С развитием сети «МегаФон Таджикистан» скоростной мобильный интернет приходит в самые отдалённые уголки страны. А значит, даже в горном кишлаке человек со смартфоном в руке может переводить деньги близким, живущим на другом конце Таджикистана или за границей. Заказывать в интернете нужные товары. Учиться онлайн. Смотреть кинопремьеры одновременно с жителями столицы. Пользоваться государственными услугами, например, получать справки, не приезжая в районный центр. Цифровые технологии быстро развиваются и столь же быстро меняют наши привычки. И можно быть уверенными: к 2030 году цели, поставленные правительством страны, будут достигнуты. Ведь лидеры цифровизации уже заложили крепкую основу для того, чтобы digital-инновации были не словами из газетных статей, а повседневной реальностью миллионов граждан Таджикистана.