Formula novemver 2024
“Сюрприз”-и Нигина ва Мадина дар Австралия
850


Нигина Амонқулова ва Мадина Ақназарова ду ситораи эстрадаи тоҷик, ки дар кишвар ва берун аз он шуҳрати зиёд доранд, зиёда аз ду ҳафта мешавад, ки дар Австралия қарор доранд.

Бонувони ҳунар бо мақсади баргузор намудани консерт ва бори дигар санъати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифӣ намудан ба ин кишвари пешрафтаи ҷаҳон сафари ҳунарӣ намуданд.

Вохӯрии бонувони ҳунар бо мухлисони тоҷику афғон
“Сама ТВ” дар ютубканали хеш навореро аз чорабинии бошукуҳе пахш кардааст, ки ба хотири вохӯрии мухлисони австралиягии Мадина ва Нигина роҳандозӣ шудааст. Бо ибтикори “Гулистон филм” ва сарпарастии Фаҳими Файз, ки асосгузори ин чорабинии бошукуҳ мебошад, як рӯз қабл аз консерти ин ду сароянда тавонистааст, тамоми мухлисону ҳаводорони ин сарояндаҳоро дар як бино ҷамъ оварда, саволу ҷавоб намоянд.

    Хайри Нигина ва Мадина ба зарардидагони афғон

Як рафтории олии ин бонуҳои тоҷик Фаҳими Файзро ба ҳайрат гузоштааст. Ӯ дар суҳбат ба хабарнигор мегӯяд, ки пеш аз оғози чорабинӣ Мадина ва Нигина ба мағоза рафтанд ва ду ангуштарини алмос харидорӣ намуданд. Вақте аз онҳо пурсидам, ки чунин ангуштарӣ дар кишвари шумо кам аст, онҳо дар ҷавоб гуфтанд, ки мо онро ба сандуқи хайриявии “Бобо-мазорӣ” месупорем ва саҳми худро дар кумак ба мардуми ба мо дӯсту бародар мегузорем. Маблағе, ки дар ин садуқ ҷамъоварӣ мешавад, ба зарардидагони мардуми Афғонистон равона мешавад.

Дастагулро дар минбар додан мехостам, аммо...

Яке аз мухлисони Мадина Ақназарова дар минбар аз хотираҳои консерти гузаштаи ин сароянда нақл карда гуфт: “Бароятон як даста гул гирифтаму хостам онро дар рӯи саҳна ба дастатон супорам, аммо назоратчиҳо нагузоштанд, ки ба шумо наздик шавам. Оё ин дафъа метавонистам бошам, ки ба ин орзуям бирасам?” Мадина дар ҷавоб мегӯяд, ки албатта ман ин дафъа гулдастаро дар саҳна аз дасти шумо мегирам.

Бонуи дигаре, ки ҳамчун намояндаи бахши фарҳанг дар шаҳри Мелбурн муаррифӣ гардид, аз Мадина мепурсад, ки оё имкон доред, ки барои зиндагии доимӣ дигар кишварро интихоб намоед?
“Ҳар кунҷи дунё зебо аст, аммо ватан ватан аст ва Тоҷикистон яктост. Намехоҳам аз кишварам дур бошам. Дуо мекунам, ки ҳамеша кишварам тинҷу ором бошад”, мегӯяд Мадина дар посухи мухлисаш.

Агар ягон бачаи афғон харидоратон шавад, чӣ мегӯед, мепурсад ровӣ аз Мадина.

Мадина, барои ҷавоб гуфтан аввал аз модараш, ки дар толор менишаст, иҷозат мепурсад ва модар мегӯяд “агар бошад, бале розиам” ва дар давоми суҳбат Мадина ҳам бо тасдиқ мегӯяд, ки “марҳамат”. (механдад)

Аз Нигина мепурсанд, ки суруде, ки хотираҳои шуморо рӯшан менамояд, кадом аст ва мехоҳед ҳамон оҳангатонро дар консерт бихонед?

Нигина Амонқулова баъд аз салому сипосгузорӣ кардан мегӯяд, ки “ин суруди “Дар оғуши ту мемирам” аст. Дар консерт ҳам онро месароям.
Дар толор мухлисони Мадина ва Нигина ҷамъ омада буданд ва дар ҳар сухани онҳо каф мезаданду изҳори хушҳолӣ мекарданд, ки онҳоро аз наздик мебинанд.

Кумаки зиёда аз 14 000 доллари Мадина ва Нигина ба мардуми афғон

Дар охири чорабинии тантанавӣ ангуштарини харидаи бонувони тоҷик Мадина Ақназарова ва Нигина Амонқулова миёни иштирокдорон ба музояда гузошта шуд ва дар даври аввал ангуштарини Нигина 6 700 доллар нархгузорӣ шуд. Ҳусейнҷон Раҳимӣ, нафаре, ки онро харидорӣ кард, ба минбар баромада, қайд кард, ки ба хотири он ки маблағ ба осебдидагони афғон ирсол мешавад, онро такмил дода, бо нархи 7000 доллар мехарам ва ҳамин тавр, Нигина ин ангуштариро ба Ҳусейнҷони Раҳимӣ супорид. Дар даври дуюми музояда ангуштарини Мадина пешниҳоди аҳли толор шуд ва бо маблағи зиёда аз 7000 доллар нархгузорӣ шуд. Мадина онро ба харидор супорид ва илова кард, ки “Худованд хайратонро қабул гардонад”.

                            Аз оғоз то имрӯз
Дар саҳифаҳои интернетии худ ҳам Нигина Амонқулова ва ҳам Мадина Ақназарова ба мухлисону обуначиҳои худ ба таври видеоӣ аз сафари ҳунарияшон хабар дода истодаанд. Чуноне аз шабакаҳои иҷтимоӣ огоҳӣ дорем, консерти ин бонувони пурҳунари тоҷик аз санаи 28-уми апрел оғоз гардида, дар шаҳрҳои Мелбурн, Сидней, Аделаида ва Брисбен консерти худро пешниҳоди мухлисонашон гардониданд.

                                              Омодасоз Беназир

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД