arzon replenishment
Суруде, ки ҳаргиз кӯҳна намешавад
1032

"Шашмақом" - суруди дилангезу рӯҳнавози тоҷикон аст, ки тӯли ҳазорсолаҳо аҳли фарҳангу тамаддуни ин диёр онро ҳифз карда то ба мо расонидаанд.

Ин шоҳасари мусиқӣ дар ҳама давру замон ихлосмандону шунавандагони зиёд дошт. Имрӯзҳо низ "шашмақом" миёни тамоми қишри ҷомеа маҳбубияти хос дорад. Мо ин ҷо назари якчанд нафарро доир ба ин шоҳкории мусиқии тоҷикон пурсон шудем.

Бону Шокирова, адиб:
Афсус мехурам, ки аҳамияти "шашмақом"-ро дер дарк кардам.
Шашмақом аз нигоҳи ман шоҳкорие мебошад, мисли савти зебои муаззин, мисли ниёиши зебоест, чун сураҳои динӣ! Ҳама ниёишҳое, ки дар динҳои гуногун тараннум мегарданд, зебоюдилчаспу дилпазиранд! Хоссатан бо забони тоҷикӣ хондани ниёишҳои динӣ ва сароидани Шашмақом. Ман хеле афсӯс мехӯрам, ки аҳамияти Шашмақом-ро дер дарк кардам. Шашмақом оромкунандаи рӯҳи инсон аст.
Дилбастаему ошиқ,то Шашмақом дорем,
Як шаҳрро гирифта авҷи таронаи мо !

Малоҳат Мадалиева, фолклорсаро:

                              Бе шашмақом наметавонам
Ҳар гоҳе, ки шашмақомсароии устодони бузурги санъати тоҷик Ҷӯрабек Муродов, Додохон Ҳасанов ва Сабоҳат Наҷмиддиноваро аз оинаи нилгун медидам, тамоми корро як сӯ гузошта ба гӯш кардани ин таронаи ҷаззоб мешишатам. Аз хурдӣ гоҳ-гоҳ "шашмақом" месароидам. Имрӯзҳо дар маъракаҳо, ки равам, мардум аз ман сароидани "шашмақом"-ро хоҳиш мекунанд, ки ин албатта нишонаи дӯстдории "шашмақом" аст. Ин тарона воқеан оромбахши қалбҳост. Ман бе шашмақом наметавонам худро хушҳол ҳис кунам. Фикр мекунам, чунин хусусияташро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳад."

                      Ситора Шодиева, омӯзгор:

"Шашмақом" тарбиятгар аст!
Вақте, таронаи ҷаззобу дилнишини "шашмақом"-ро гӯш мекунед, аз он рӯҳу ҷону тан оромиш меёбад. На ҳар оҳанг, на ҳар суруд дар мағз-мағзи инсонҳо ҷой мегирад, вале суруди "шашамақом" вуҷуди касро ором намуда, нерӯ мебахшад. Мӯҳтавои шеърҳое, ки барои шашмақом интихоб мешаванд ниҳоят баландмазмун ва ирфонӣ ҳастанд. Ана ин таронаҳо насли навро тарбият мекунанд.

Аъзамҷон Шарипов, ошпаз:
                                 Зиннатбахши тӯй
Дар тарабхонаҳои мо ҳамарӯза, ҳангоми баргузор шудани "оши наҳор" ҳофизони мумтози кишвар шашмақом месароянд. Таронаи шашмақом ба тӯйҳо зиннат мебахшад. Мардоне, ки ба тӯй меоянд зери навои шашмақом ош мехӯранд. Вақте ин манзараро мебинед, як ҳисси ватандӯстӣ, шукрона аз истиқлолият, ва фарҳангпарвар будани мардумро дарк мекунед. Фикр мекунам ин анъана миёни наслҳои баъди низ побарҷо мемонад.

Фарида Аюбова, соҳибхоназан:
                          "Шашмақом" нерубахши рӯҳу тан
Дар суруди шашмақом рӯҳи тавоною бузургӣ ниёгони мо таҷаллӣ меёбад. Аз он дилҳо нерӯ ва оромиш меёбанд. Фикр мекунам шашмақом мудаввои бемориҳост. Чун лаҳзае ба шунидани ин таронаи дилангез менишинам, ғаму ғусса маро тарк мекунад, ҳатто дарди сар дошта бошам, рафъ мешавад. Садои фораму дилнишини шашмақомсароёни ин миллати бузург асло хаста мабод!

Сабринаи Рустамҷон, донишҷӯи КҲМ:

               Таронае, ки ҳеҷ гоҳ аз мӯд намеравад
Аксарияти сурудҳо ба қавле умри кӯтоҳ доранд. Зуд миёни оммаи васеъ паҳн мешаванд, вале боз ба зудӣ аз ёд мераванд. Шашмақом бошад ҳеҷ гоҳ он аҳамияту моҳияти худро гум намекунад, зеро дар интихоби шеъри он басо борикбинона назар мекунанд. Имрӯз чорабиние нест, ки дар он суруди шашмақом сароида нашавад. Албатта нишонаи арҷгузорӣ ва шоҳи сурудҳо будани шашмақом аст.
Абдуғаффор Шодиев

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД