Sebiston new 2024 october
Сураҳоро бе таҷвид хонӣ гунаҳкор мешавӣ?
27.03.2022
ОИЛА
1229

Дар замони муосир аксари одамон хат ва забони арабиро намедонанд. Аз ҷумла худи ман низ алифбои арабиро балад нестам, вале нусхаи кирилии Қуръони каримро ҳамеша мехонам ва баъзан сураҳоро бо вози баланд қироат мекунам.

Чанд бор шуд, ки як ҳамсояамн ба ин крам эрд мегирад. Ҳамсояамон, ки кам-кам саводи динӣ дорад ва мардум ӯро “домулло” мехонанд, мегӯяд, ки бе таҷвид хондани сураҳои қуръон мумкин нест. Мехстам донам, ки суханони ӯ ҳақиқат доранд ё не?

Насриддин аз н. Ҳисор

Посухи домулло Ҷамолиддини Хомӯш

Бардари азиз, шумо хуб мекунед, ки хату забони арабиро надонед ҳам, китоби муқаддаси “Қуръон”-ро мехонед ва қалбу рӯҳи худро бо хондани каломи худованд нуру зиё мебахшед. Албатта шахсе, ки хати арабиро медонад, бояд сураҳоро бо таҷвид хонад, вале кас дониши арабӣ надошта бошад, сураҳоро бо хати кирилӣ хонад ҳам, қабул аст. Маслиҳати банда ба шумо ҳамин аст, ки ба назди ягон устоди моҳир равед, то ки тарзи дурусти талаффузи калимаҳоро бароятон ёд диҳад. Ин кори чандон душвор нест ва ман бварӣ драм, ки шумо онро дар муддати начадон зиёд меомӯзед.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД