arzon replenishment
Суперлигаи Тоҷикистон: Ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоӣ оид ба футзал муайян шуданд
303

Бозиҳои марҳилаи чаҳорякниҳоии Суперлигаи Тоҷикистон оид ба футзал ба охир расиданд ва дар натиҷа ҷуфтҳои марҳилаи нимниҳоӣ муайян шуданд.

Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, Дар марҳилаи чаҳорякниҳоӣ “Соро компания” бо “Регар”, “Амонатбонк” бо “Сомон”, “Истиқлол” бо “Хуҷанд” ва “Истаравшан” бо “Сипар” бозӣ карданд.

Дар натиҷа “Соро компания” дар ду бозӣ бо ҳисоби умумии 38 бар 0 муқобили “Регар”-и Турсунзода зафар ёфта, роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор кард. “Амонатбонк” бар дастаи “Сомон” аз ҳисоби ду бозӣ бо ҳисоби умумии 11 бар 8 ғалаба карда, ба даври нимниҳоӣ баромад. “Истиқлол” бо “Хуҷанд” дар ин марҳила бозӣ кард. Аз ҳисоби 2 бозӣ “Истиқлол” бо ҳисоби умумии 31 бар 0 зафар ёфта, роҳашро ба марҳилаи нимниҳоӣ ҳамвор намуд. Дербии вилояти Суғд дар ин марҳила миёни “Истаравшан” ва “Сипар” бо ҳисоби умумии 8 бар 5 ба фоидаи “Сипар” анҷом ёфт ва дастаи шаҳри Хуҷанд ба даври нимниҳоӣ баромад.

Дар марҳилаи нимниҳоии мусобиқа ҳамакнун “Соро компания” бо “Сипар” ва “Истиқлол” бо “Амонатбонк” бозӣ мекунанд. Рӯзҳои баргузории бозиҳои марҳилаи нимниҳоӣ дертар муайян карда мешаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД