Султон аз хурдӣ сеҳргар ва фолбин шудан мехост. Ин орзу ҳеҷ ӯро ором хоб кардан намемонд. Шабҳо хоб медид, ки фолбини машҳуресту аз тамоми дунё корафтодаҳо ба наздаш меоянд.
Султон ба чунин хобҳои ширин саргарм, ҳаёти реалиро фаромӯш мекард. Ба китобхонаи деҳа рафта ҳамеша китобҳои дар бораи сеҳру ҷоду бударо мегирифт. Вақташро ба китобонӣ мебахшид. Хати арабиро бо худомӯзӣ аз худ кард. Орзу дошт ки мулло-Кенҷаи ҳамдеҳаашон ӯро ба шогирдӣ қабул кунад, чуни мулло-Кенҷа на танҳо дар ноҳия, балки дар тамоми ҷумҳурӣ ҳамчун шахси ғайбдону сеҳргар маълуму машҳур буду одамони зиёде ба наздаш омада, қаноатманд ба хонаашон бармегаштанд. Султон назди хонаи мулло мерафту соатҳо нишаста назорра мекард, ки мулло мизоҷонро чӣ хел қабул мекунад.
Бо нафарони дами дар навбатистода суҳбат мекард. Гапро аз ин он оғоз карда, мепурсид, ки барои шавҳарашро бо роҳи рост даровардан назди мулло меомаду дигарӣ пеш аз сафар курхат гирифтан мехост. Умуман, сареву савдое. Султон чандин бор пеши домулло даромада зориву тавалло кард, ки ӯро ба шогирдӣ қабул кунад. Аммо домулло ба ғазаб омада, ӯро аз дар берун мекард. Султон аз субҳ то шом бо умед паси дари домулло менишаст. Ин рафтори Султон ба дили домулло заду рӯзе ӯро ба наздаш ҷеғ зада гуфт:
-Ҳой писарбача, ту аз ман чӣ мехоҳӣ?
-Домулло илтимос, маро пеш накунед. Ман мисли шумо сеҳргар шудан мехоҳам.
-Майлаш, ман туро ба шогирди қабул мекунам, вале ду шарт дорам. Агар ту ин шартҳоро иҷро кунӣ, туро шогирд мегирам. Фаҳмидӣ?
-Фаҳмидам. Ман тайёр!-бебокона посух дод Султон.
Домулло аз бебокии Султон ба ваҷд омада гуфт, ки пагоҳ бегоҳӣ наздаш биёяд. Султон рӯзи дигар шомгоҳон бо чеҳраи шукуфон назди домулло омад. Домулло як бори дигар таъкид кард, ки агар шартҳояшро иҷро накунад, дигар ба хонааш наздик нашавад.
-Гӯш кун, бача, шарти аввалро мегӯям, иҷро кунӣ, баъд дуюмашро мегӯям. Имшаб соати 3-и шаб, ба гуристони деҳа меравию аз ҷониби чапи гӯрҳо гӯри панҷумро ёфта аз он як халтача хок меорӣ. Аз ин суханони домулло дили Султонро воҳима пахш намуд. Вале худро нотарс вонамуд карда бо аломати ризо сар ҷунбонд. Шаб Султон гапҳои домуллоро ба хотир оварда дудила шуд, ки равад ё наравад. Ишқи сеҳргарӣ ончунон дар мағзу устухонаш ҷой гирифта буд, ки нимашаб аз бистараш бархоста роҳ ҷониби қабристони деҳа гирифт. Раҳ ба раҳ сура хонда худро тасаллӣ медод: «Ман мардам-ку.. Бояд натарсам…»
Ба қабристон ҳам расид. Олами хомӯшон ончунон ваҳмангез буд, ки дили Султон ба тапидан даромад. Ба назараш намуд, ки мурдаҳо дар қабристон равуо дорад. Ба пасаш нигарист, касе набуд. Чароғаки дар дасташ бударо рӯшан карду қабрҳоро ҳисоб карда аз ҷониби чап рӯи гӯри 5-умро ёфт. Арақи сарди рӯяшро пок намуду чароғакро пештар бурд. Рӯйи абр санги мармар гузошта ному насаби марҳумро сабт карда буданд. Ин қабри ҳамдеҳаашон Маҳмадии ҷавонмарг буд, ки се рӯз пештар гӯр карда буданд. Ҷасади ӯро аз Русия оварда ҷаноза карданд. Султон симои ҷиддии ҳамдеҳаашонро ба хотир оварду дилаш ваҳм гирифт. Каме нишаста худро ором карду аз хоки гӯр як каф канд. Хок каме лойолуд буд. Хокро гирифта ба халтача рехту ба қафояш нанигариста аз қабристон шитобон баромад.
То ба хона расидан давид. Ба хона расида дарро басту худро рӯи ҷойхобаш партофт. Ба дилаш тарс рахна зада, дасту пойҳояш дир-дир меларзиданд.
«-Ин қадар душвор будааст фолбин шудан. Қариб ки аз ҷони ширинам ҷудо шавам»,-меандешид худ ба худ.
Султонро дигар то субҳ хоб набурд. Хаёлаш, ки мурдаҳои қабристон аз пасаш омадаанд. Модару падараш саҳарӣ ӯро бо таби баланду рангу рӯи сап-сафед канда дида, хавотир шуданд. Зуд ба ноҳия занг зада, мошини «Ёрии таъҷилӣ»-ро ҷеғ заданд. Султон пас аз гузаронидани сӯзандору каме ором шуда хобаш бурд. Баъди як ҳафта тарсу ҳаросаш бартараф гардида аз бистари беморӣ бархост. Аммо аз тарс аз беморӣ печида бошад ҳам аз раъяш нагашта боз ба хонаи домулло омад. Домулло халтачаи хоки гӯрро гирифта пурсид:
-Росташа гӯй, чӣ қадар тарсидӣ?
-Натарсидам. Диламро андак ваҳм паш карду халос. Шарти дуввуматонро гӯед, - худро ҷасур вонамуд кард Султон.
-Қандата зан бача. Шарти дуввумаш ҳамин, ки як китоби сеҳргарони кашмириро медиҳамат, шаб тамоми сӯрохиҳои хонаро маҳкам мекуниву ин китобро варақ-варақ канда оташ мезанӣ. Аз байни варақҳои китоб як саҳифааш канда шуда ба ҳаво парвоз кардан мехоҳад. Ана ҳамон саҳифаро мегириву назди ман меоӣ. Ана баъд ман туро шогирд мегирам,-фармонд мулло –Кенҷа.
Султон китобро гирифта ба хона баргашт. Дару тирезаҳои ҳуҷраи хобашро маҳкам карду гӯгирдро гирифт. Варақҳои китоб аввал мисли шамъ равшан шуда, сипас якбора аланга мегирифтанд. Султон ба саҳифаҳои сухтаистода менигаристу ким-чӣ хел қувваи ноайёнеро ҳис мекард. Дар ҳақиқат яке аз саҳифаҳои китоб канда шуда мисли паранда дар фазои хона парвоз кард. Султон ба чашмонаш бовар намекард: наход саҳифаи китоб парида фирор намудан мехоҳад?!
…Ана, муъҷиза!-гӯён хез зада саҳифаро доштанӣ шуд, вале натавонист. Варақ аз дасташ хато хӯрд. Бо талошҳои зиёд саҳифаи парвозии сеҳрнокро ба даст гирифта чашм дӯхт. Чизеро хонда натавонист. Шитобон онро гирифта ба хонаи домулло омад. Домулло аз бебокиву якравии Султон ба шавқ омада, хандида гуфт:
-Майлаш, аз пагоҳ биё, ба ту баъзе розҳои илми сеҳрро меомӯзам.
Султон хурсанд ба хонаашон рафт. Худро дар ҷаҳон ғайбдони ягона тасаввур мекарду чашмонаш аз хурсандӣ милт-милт медурахшиданд. Боиштиҳо таъоми шомро хӯрду ба хонаи хобаш даромад. Нав ғанаб карда буд, ки сиёҳӣ пахшаш кард
Модараш саҳарӣ ноништа тайёр карду барои бедор кардани Султон ба хона даромад. Аммо писарашро бо даҳони кушодаву пуркафк дида, аз тарс фарёд зад. Дар беморхона гуфтанд, ки кайҳо Султон ҷон ба ҳақ супоридаасту дигар чорае нест.
Мулло – Кенҷа ҷасади Султонро шуста гуфт, ки дар тахтапушти Султон иззи сиёҳ ҳаст ва ин далолат ба он мекунад, ки Султонро «бало» задаст.