Sebiston new 2024 october
Сулаймонро аз беморхона ҷавоб доданд
944

 

Пас аз ду ҳафтаи гирифтани сӯзандоруи гаронарзиши “ZOLGENSMA” дар Маркази миллии тадқиқоти тиббии саломатии кӯдакони Маскав, Сулаймон Раҳимовро аз беморхона ҷавоб доданд. Дар ин бора Муҳидин Раҳимов, падари ӯ ба Oila.tj хабар дод.

Раҳимов дар суҳбат гуфт, писараш рӯзи 9- апрел бо шарофати дастгирии бебаҳои сокинони кишвар ва берун аз он сӯзандоруи деринтизорашонро гирифт ва ҳоло дар саломатиаш беҳбудӣ эҳсос карда мешавад.

Муҳиддин Раҳимов гуфт, арзиши умумии табобат тақрибан 1,4 миллион долларро ташкил дода, ин маблағ тавассути кӯшишҳои дастаҷамъона ва кӯмаки молиявии нафарони хайрхоҳу шинохта ҷамъ шуд.

«Ҳоло Сулаймонҷон хуб аст. Тамринҳоро анҷом дода истодаем. Аз пагоҳ табобатҳо боз сар мешаванд. Худо хоҳад, баъди 20 рӯз ба Ватан бармегардем”,- гуфт падари Сулаймони хурдакак.

Ба зикри ӯ, ин дору раванди инкишофи бемориро қатъ мекунад ва акнун онҳо барои пурра шифо ёфтани писарашон мубориза бурда, ӯро пайваста тамрин медиҳанд.

“Баъд аз сӯзандору ман дарҳол тағйиротро мушоҳида кардам. Ҳоло Сулаймонҷон мавқеи худро мустаҳкамтар ва сарашро комилан нигоҳ медорад, худро аз такяи курсӣ дур мекунад ва ҳатто барои 1 дақиқа мустақилона нишастанро оғоз кардааст”,- гуфт ӯ.

Волидайни ин кӯдак ба кулли сокинони кишвар ва ҳамаи онҳое, ки дар ин роҳи душвор онҳоро дастгирӣ ва дар ҳаққи фарзандашон дуо карданд, сипосгузорӣ менамояд.

Ёдовар мешавем, ки Сулаймон Раҳимов аз бемории атрофияи мушшакҳои сутунмӯҳра (SMA) ранҷ мебурд ва табибон барои табобати ӯ ZOLGENSMA-ро таъйин карда буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД