Formula novemver 2024
Сулаймони хурдакак доруи деринтизорро гирифт
884

 

Сулаймони хурдакак, ки аз бемории нодири генетикии СМА 1 (СПИНАЛЬ МЫШЕЧНАЯ АРОФИЯ) азият мекашид, билохира сӯзандоруи "Золгенсма"-ро, ки муддатҳо интизораш буд, гирифт. Дар ин бора волидони Сулаймон Раҳимов дар саҳифаи Инстаграм хабар доданд.

"Он рӯз билохира фаро расид! Ниҳоят мо метавонем гӯем, ки Сулаймон сӯзандоруи деринтизор - "Золгенсма"-ро гирифт. Алҳамдулиллоҳ. Ин интизорӣ тӯлонӣ ва душвор буд. Сарфи назар аз ҳама чиз, мо интизор будем. Алҳол мо метавонем бо шодӣ нафас кашем, гиря кунем, зеро дар ниҳоят ҳама якҷоя ғалаба ба даст овардем! Он чизеро, ки мо ҳоло аз сар мегузаронем, бо сухан тавсиф кардан душвор аст. Мо аз ин рӯз бениҳоят хурсанд, шод ва миннатдорем. Ташаккури зиёд ба нафароне, ки то ин дам моро кумак ва дастгирӣ карданд... Раҳмат ба ҳамаи шумо, ки ба фарзанди мо имконият додед, Худованд аз шумо розӣ бошад",- омадааст дар сипосгузории волидони Сулаймон Раҳимов.

Ёдовар мешавем, ки тамоми мардуми Тоҷикистон барои наҷоти Сулаймон талош карданд. Ҳамзамон блогерон ва ҳунармандони машҳури тоҷик ба дидорбинии ин тифлак рафтанд ва консертҳои хайриявӣ баргузор карданд, то барои ҷамъоварии маблағ баҳри харидани доруи гаронарзиши "Золгенсма" ба волидони Сулаймон Раҳимов кумак расонанд.

Чанд моҳ қабл волидони Сулаймони хурдакак аз ба охир расидани ҷамъоварии маблағ барои табобати Сулаймон иттилоъ дода, ба тамоми нафарони кумаккарда изҳори сипос намуда буданд.

Ниҳоят Сулаймон Раҳимов доруи деринтизорро гирифт.

Умедворем, ки ин тифлаки дӯстрӯяк шифо ёфта, умри дароз ва пурбаракат мебинад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД