Arzon march 2024
Суханрони намояндаи Тоҷикистон дар бораи маблағгузории «сабз»
1315

Имконият барои ташкили занҷираи арзиши иловашудаи устувор ва аз лиҳози экологӣ тоза дар минтақаи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC) бо такя ба соҳаҳои кишоварзӣ ва нақлиёт дар панели сатҳи баланд, ки дар ҳошияи ҷаласаи ҳарсолаи 57-уми Шӯрои мудирони Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар Тифлис баргузор гардид, баррасӣ шуд.

Бино ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси кумита Султон Раҳимзода дар панели сатҳи баланд, ки дар мавзӯи «Маблағгузории «сабз» дар занҷираи арзиши иловашуда дар доираи Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ (СAREC)» баргузор шуд, иштирок ва суханронӣ намудааст.

- Намояндагони ҳукуматҳо, шарикони рушд ва бахши хусусӣ нақши глобалии ҳамкории минтақавиро дар ташкили занҷираи арзиши иловашуда зимни татбиқи рӯзномаи тағйирёбии иқлим махсус таъкид намуда, доир ба зарфият ва ниёз ба сармоягузориҳо барои карбонзудоӣ, муосиргардонии бандарҳо, рақамикунонӣ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлиму имконияти ҷалби маблағҳо ва дастгирии омодасозии лоиҳаҳои иқлимӣ табодули афкор намуданд,- меафзояд манбаъ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД