Таваҷҷуҳ ба фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик дар саросари кишварҳои дунё рӯзафзун зиёд мешавад.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, дар шаҳри Туни Конфедератсияи Швейтсария сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар маросими ифтитоҳии Намоишгоҳи либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумии Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ намудааст.
Зимни суханронӣ, сафир оид ба дастовардҳои миллӣ, фарҳанг ва тамаддуни куҳани мардуми тоҷик, аз ҷумла ворид гардидани мавзеи таърихии “Саразм” ба Феҳристи мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО ва “Анъанаи бофтани атласу адрас”, “Санъати чакандӯзӣ”, “Ҷашни Наврӯз”, “Мусиқии Фалак” ва “Шашмақом” ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО, инчунин оид ба имкониятҳои сайёҳии кишвар маълумотро манзури иштирокчиён намудааст.
Гуфта мешавад, ки намоишгоҳи мазкур то 1-уми апрел идома меёбад.