Дар соли 2024 аз ҷониби Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон 242 аризаи даъвогӣ ва шикоятҳо беҳаракат мононда шуда, 318 аризаву шикоятҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набуданашон баргардонида шудаанд.
Дар ин бора имрӯз зимни нишасти мабуотӣ дар Суди Олии иқтисодӣ раиси суд Абдуллозода Зебониссо Файзулло иттилоъ дод.
Бино ба гуфтаи ӯ, натиҷаи омӯзиш ва таҳлили омори фаъолияти судӣ дар самти баамалбарории адолати судӣ собит месозад, ки соли 2024 судҳои иқтисодии марҳилаи якум, кассатсиониву назоратӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ дар маҷмуъ 3253 адад парвандаҳоро баррасӣ намудаанд, ки доир ба онҳо 1716 ҳалномаи судӣ қабул гардида, 136 парванда қатъ, 162 аризаҳо бебаррасӣ, қабули 17 ариза рад, 3 парванда ва 2 ариза аз рӯи тобеияти судӣ барои баррасӣ ирсол гардидааст. Дар марҳилаҳои кассатсионӣ 355, назоратӣ 295 ва Раёсати Суди Олии иқтисодӣ 7 парванда баррасӣ карда шудааст.
Дар давраи ҳисоботӣ зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ ва шикоятҳо ба судҳои иқтисодӣ 4 миллиону 270 ҳазору 666 сомонию 15 дирам боҷи давлатӣ пешпардохт карда шудааст.