Кормандони мақомти милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулови Вилояти Суғд модари 27-солаеро боздошт намудаанд, ки даст ба фурӯши писарчаи 2-солааш зада буд.
Бино ба гузориши Акбар Шарифӣ, котиби матбуотии РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ин зан Мақсуда Юсупова ном дошта, сокини ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан мебошад.
40 ҳазор сомонӣ “арзиш”-и писарчаи дусола
Мақсуда модари се фарзанд буда, муносибати оилавияш бо собиқ шавҳараш вайрон гаштааст. Зан гӯё аз ночорӣ барои фурӯхтани писарчаи дусолааш бо як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов шатномаи шифоҳӣ баста, кӯдаки “фурӯшӣ”-ро ба пеши бозори Ашрофи ноҳия меорад.
Харидор 10-ҳазор сомонӣ пешпардохт месупорад ва модари дар ҳирси пулу мол аз баҳри фарзандаш гузашта бо дидани маблағ аз шодӣ гӯё болу пар мебарорад, вале хурсандиаш дер давом накарда, ба чанги кормандони мақомоти милитсияи ноҳияи Ҷаббор Расулов афтид.
Ба Интернат бурдам, вале дилам нашуд
Дар наворе, ки кормандони милитсия вилояти Суғд омода кардаанд, аз зан мепурсанд, ки барои чи фарзандатро ба хона интернат насупурда фурухтӣ? Юсупова чунин мегӯяд:
-Як бор ба интернат бурда будам, аммо дилам нашуд, боз гирифта омадам.
Савле ба миён меояд, ки агар мақсади ин зан пул набошад, чаро барои ба ихтиёри давлат супурдани фарзандаш дилаш нашудаасту бо осонӣ ҷигарбандашро бар ивази чор ҳазр дллар ба як шахси тамоман бегона дода меравад?!
Айни замон нисбати Юсупова Мақсуда бо моддаи 167-и Кодекси Ҷиноятии ҶТ (хариду фурӯши ноболиғон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ёфта, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Ҳодисаҳои ногувори аз фарзанди худ даст кашидан, кӯдакро дар партовгоҳ партофтан, буғӣ карда куштан ё ба ҳҷатхона партофтани тифлакони навзод баъзан расонаӣ шуда, чунин амалҳои нангин, ки аз ҷониби иддае аз занони беандаша содир карда мешаванд, ба номи нек ва пуршарафи МОДАР иснод меоранд.
Сабаби асосии сар задани чунни ҳодисаҳосабукпоӣ, бадахлоқӣ ва аз тарбия дур мондани занону духтарони ҷавон буда,аз костагии ахлоқи чунни бнуврн дарак медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар Вилояти Суғд як модари ҷавон фарзандашро дар даруни гавҳора буғӣ карда кушт. Вақте сабаби даст ба фарзандкушӣ заданашро пурсн шудан зан бешармона гуфт: “Шавҳарам бвар надошт, ки кӯдак аз вай аст, фақат мегуфт, ки ДНК мекунем, барои ҳамин кӯдакро бӯғӣ карда куштам..”
Аз гуфтаҳои худи зан чунин бармеояд, ки ба хотири аз шавҳараш пинҳон намудани муноситаҳои маҳрамонаашро бо дигар мардҳо вай як тифли бегуноҳро қурбн намуда, кӯдаки ширхораашро дар даруни гаҳвора бӯғӣ карда куштааст.
Мақсуда Юсуповаи фарзандфурӯш бошад, худро сафед карданӣ шуда мегӯяд, ки нони хӯрдан надошту аз ночорӣ фарзандашро фурӯхтааст, вале ин танҳо як баҳона асту халос. Сабаб, агар мушкилоти иқтисодӣ мебуд, ин зан метавонист кӯдакро ба хонаи бачаҳо супорад ва худаш дар ягон ҷо кор карда, ризқу рӯзиашро ёбад, аммо ба ҷойи меҳнат кардан аз фурӯши фарзандаш пули муфт ба даст оварданӣ шуда, Мақсуда бо дасти худ ҳаёташро сӯхт. Имрӯз ин зан дар СИЗО аст ва баъди баъди исбот шудани гуноҳаш ҳукми мдари фарзандфурӯш содир гашта чанд соли умри ҷавонашро дар пушти панҷараи зиндон мегузаронад.