Шуруъ аз санаи 02-юми декабр дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳи байналмиллалӣ дар вилояти Суғд корҳои назоратиро пурзур менамояд, то аз сироятёбӣ ба коронавирус пешгирӣ карда шавад.
Зеро ҳамаруза 100 ҳа нафар сокинони вилояти Суғд аз кишварҳои хориҷӣ вориди вилоят мегардад ва он эҳтимолияти манбаъи беморӣ ва сироятёбӣ ба Коронавирус шуда метавонад.
Бино ба гуфти Маҷнун Орипов, муовини МНДСЭ-и вилояти Суғд оғозан аз соли 2022-юм то ба имруз танҳо дар озмоишгоҳи вирусологии МНДСЭ вилоятӣ беш аз 10 ҳазор нафар сокинони вилоят ташхис супориданд.
Хушбахтона таҳлили ташхисҳо мавҷуд будани коронавирусро дар шахс инкор кардааст. Ва то имруз ҳолати сироятёбӣ бо коронавирус дар вилояти Суғд ва Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқи худро наёфтааст.
Дар вилояти Суғд вазъи эпидемиологӣ мӯътадил аст. Аммо корҳои пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, махсусан коронавирус ҷоннок карда шуд. Зеро эҳтимолияти ба қайдгирии Ковид-19 ва хуруҷи ин беморӣ вуҷуд дорад. Пас аз чанд моҳи таваққуф дар Ҷумҳурии мардумии Чин ва кишварҳои ҳамосоя, махсусан Ӯзбекистон коронавирус ба қайд гирифта шуда, он авҷ мегирад. Аз ин ру МНДСЭ дар вилояти Суғд сокинонро огоҳ мекунад, то дар пешгирии он саҳм гузоранд.
Сироятшиносон ва духтурони эпидемиологҳо иброз медоранд, ки агар тиби баланду сулфаро эҳсос кардед, сари вақт ба духурон муроҷиат кунанд, то аз авҷи беморӣ пешгирӣ карда шавад.
Фарзона Муродӣ