“Садои Ватан-дар фазои Ватан”-ҳар субҳ аксари сокинони Тоҷикистон бо ҳамин садо аз хоби ширин бедор шуда, аз шунидани барномаҳои рангини “Радиои Ватан” як ҷаҳон ҳаловат мебаранд. Маълумоти аҷибу хабарҳои ҷолиб, саволҳои коғазпеч ва муаммову бозиҳои гуногуни интелектуалӣ, ки касро ба майна об кардан водор месозанд, маслиҳатҳои судманд, сӯҳбатҳои ширин ва ҳазлу шӯхиҳои намакине, ки аз радиои Ватан садо медиҳанд, садҳо ҳазор одамонро мухлису ошиқи ин шабакаи радиоӣ гардонидаанд. Пагоҳ, яъне 7-уми май ин шабакаи машҳури радиоӣ ид дорад. Радиои Ватан 19-сола мешавад! Ба ифтихори ин рӯзи муборак мо бо Директори кулли радиои “Ватан” ва ровии писандидаи ҳамагон - Субҳони Ҷалил сӯҳбати ҷолибе оростем, ки фишурдааш пешкаши муштариёни сомонаи Оила. ТЧ мегардад.
-Субҳонҷон, аввалан ид муборак бошад!
-Ташаккур! Ман ҳам ҷашни 19-солагии “Радиои Ватан”-ро ба тамоми ихлосмандони радио муборакбод мегӯям! Бигзор фазои кишварамон ҳамеша орому осуда ва садои радио дар он танинандоз бошад.
-Радио гуфта шумо “Радиои Ватан”-ро дар назар доред?
-Натанҳо “Радиои Ватан”, балки кулли шабакаҳои радиоиро, ки ба мардум ягон манфиат расонида метавонанд.
-Пас дигар шабакаҳоро ҳам гӯш мекунед?
-Ман вақте ба мошин мешинам, аксаран радиоҳои дигарро гӯш мекунам, зеро хуб медонам, ки дар радиое, ки ман кор мекунам, кай кадом барнома пахш мешавад ва муҳтавояш чист! Дар фосилаи роҳ ман дигар шабакаҳои радиоии дохиливу хориҷиро гӯш мекунам.
-Бештар кадом шабакаҳоро гӯш мекунед?
-Тамоми шабакаҳо, аз ҷумла Радиои “Тоҷикистон”, Радиои Фарҳанг, “Садои Душанбе” ва Радиои “Имрӯз”-ро гӯш мекунам, ки вақтҳои охир тағйирот дар он хеле зиёд аст, вале бештар ба шахсияти муаллифон таваҷҷӯҳ мекунам. Вақте муаллиф эҷодкори хуб аст, ба кадом шабакае, ки наравад, барномаҳои беҳтаринро таҳия мекунад. Аз Радиои Тоҷикистон Обиҷон Саидзода, Фаррух, Моҳшарифи Холиқ, гуфторҳои идораи таҳлилӣ, аз гуфторҳои адабӣ садои Абдуҷалили Амон ва садои профессор Умар Сафар ҷозибаи аҷибе дорад, ки кас ҳатман он гуфторҳоро интизор мешавад.
-Аз байни барнома ва бахшҳои Радиои Ватан шахсан барои худи Шумо чи бештар писанд аст?
-Бегуфтугӯ бахши “Раҳораҳ”. Радио дар баробари он, ки хабар ва иттилооти навинро пахш карда, барномаҳои рангини фарҳангию фароғатӣ ва саргармкунанда таҳия менамояд, бояд омӯзанда бошад. “Раҳораҳ” айнан чунин бахш аст. Саволҳое, ки мо дар ин бахш пешниҳод мекунем, ба назари шунавандагон шояд бисёр душвор менамоянд, вале ин саволҳо интелектуалӣ буда, мардумро ба омӯхтан ва фикр кардан водор месозанд. Гумон мекунем, ки сатҳи “Раҳораҳ”-и мо аз сатҳи барномаҳои интелектуалии барномаҳои Русия паст нест.
-Шумо лоиҳае доред бо номи “Топ-50”. Мегуфтед, ки ҳадафи ин лоиҳа чист ва хушсалиқаҳо чӣ гуна интихоб карда мешаванд?
-Ин лоиҳа 10 сол боз дар Радиои Ватан вуҷуд дорад ва хеле лоиҳаи муваффақ ҳам ҳаст. Аксарият хушсалиқа гуфта, салиқаи либоспӯшӣ ва ороиши рӯю мӯйро дар назар доранд, вале ҳадафи лоиҳа ин нест. Мо дар ин лоиҳа салиқаи кору зиндагиро дар назар дорем. Дар байни ғолибони лоиҳа шахсиятҳои аҷиб бисёранд, масалан як иштирокчии ин лоиҳа худаш маъюбият дошт ва дар аробачаи маъюбӣ нишаста буд, аммо бисёр дизайнери хушзавқ буда, либосҳои олиҷаноб медӯхт. Вақте ки вай коллексияи либосҳои ҷопониашро ба маърази тамошо гузошт, тамоми шахсоне, ки дар толор ҳузур доштанд, дар ҳайрат афтоданд. Барои дигарон ин як намудаи олии дӯст доштани зиндагӣ, шикаста нашудан аз санҷишҳои қисмат ва талош барои ҳаёт аст. Қаҳрамони дигари ин лоиҳа лӯхтакҳои аҷиб мехост. Лӯхтакҳои хеле зебои тоҷикӣ бо чеҳраҳои мардонаву занона. Вай як бағал лӯхтакҳои рангоранги бофтаашро ба аҳли толор бе пул тақсим кард ва толор пур аз зебоӣ гашт. Ҳадафи ин лоиҳа тарғиби чунин одамони хушсалиқа аст, то салиқаи зиндагии онҳо барои дигарон намунаи ибрат гардад.
-Замоне “Радиои Ватан” минбари ҳунармандон буд, вале вақтхои охир ҳамкориатон бо сарояндагон сусттар шудааст. Чаро?
Firuza Sattori (oila), [06.05.2022 17:04]
-Ман заҳмату меҳнати тамоми ҳунармандонро қадр мекунам, вале мутаасифона дар байни сарояндагони мо афроде, ки андешаи ноб гуфта тавонанд, хеле каманд. Ҳастанд ҳунармандони асил ва босаводе, ки дониш ва ҷаҳонбинии васеъ доранд, вале ин тоифаи сарояндагон хеле кам, ангуштшуморанд. Вақте ҳунарманд чизи наве барои гуфтан надорад, зарурати ӯро ба сӯҳбат даъват кардан ва такрори гуфтаҳои пешин нест. Мо таронаҳои ҳунармандонро пахш мекунем, ғайр аз ин, онҳоро ба баъзе барномаҳои Радиои Ватан даъват мекунем. Гумонам ҳамин кофист.
-Назаратон ба рақобат чи гуна аст?
-Ман ҷонибдори рақобати солим ҳастам, зеро боиси пешрафт мешавад. Ҳамеша фикр мекунам, ки мо бояд боз 10-12 радиои дигар дошта бошем, зеро шунавандагон аз ин бурд мекунанд, доираи интихоб васеътар мегардад. Будани рақобати солим барои эҷодкорон хуб аст, зеро боиси пайдо шудани идеяву тарҳҳои нав ба нав мегардад. Аз нигоҳи таъмини мардум бо ҷойи кор ва андоз ҳам ин хуб аст.
-Солҳои охир дар сомонаҳои интернетӣ подкаст-барномаҳое пайдо шуда истодаанд, ки як навъ тақлид ба радио мебошанд. Сомонаҳо ҷойи газетаҳоро оҳиста-оҳиста танг карда истодаанд, ба фикратон подкастҳои аудио ва видеоӣ мавқеъи радиоро танг намекунад?
-Ман аз ин ҳарос надорам, зеро боварӣ дорам, ки ровиёни интернетӣ чандон идеяҳои зиёд надоранд, қоидаҳои зиёде ҳастанд, ки онҳоро риоя намекунанд, болои касбу ҳунару машғулияти худ кор намекунанд ва рӯзе ба мисли бештари блогерҳо ба кризиси эҷодӣ дучор мешаванд. Мардум дер-ё зуд сараро аз носаро ҷудо мекунанду ҳамон барномаҳое мемонанд, ки бори маънӣ мекашанд.
-Худи Шумо боре ба кризиси эҷодӣ дучор гаштаед?
-Албатта баъзан кас хаста мешавад, вале кризиси эҷодие, ки дигар чӣ гуфтанамро дар эфири радио надонам, дар ҳаёти ман набуд.
-Замоне Шумо барандаи барномаи “Лаззат”-и Телевизиони “Сафина” будед. Агар махфӣ набошад, мегуфтед, ки худатон ҳунари таббохӣ доред?
-Таъриф ҳам шавад, аз ӯҳдаи пухтапаз мебароям. Албатта ба мисли ҳамсар ва хоҳаронам пухта наметавонам, вале ба тамъи ғизо ва маззаи ғизо хеле хуб сарфаҳм меравам ва ҳатто нон пухта метавонам.
-Дар тунӯр нон мепазед ё дар дегдони тоҷикӣ?
-Ҳатто дар тафдон, яъне сковоротка!
-Инаш хеле аҷиб-ку! Магар дар тафдон нон пухта мешавад?
-Мешавад ва хеле нони аҷиб пухта мешавад, ки ба кекс монандӣ дорад.
-Солҳои донишҷӯӣ дар хобгоҳ зиндагӣ мекардед?
-Давраи донишҷӯии мо ба солҳои хеле душвори баъди ҷанги шаҳрвандӣ рост омад ва он давра хобгоҳҳо мисли имрӯз шароити хуб надоштанд.Аз ҳамин хотир дар хобгоҳ зиндагӣ накардаам. Мо дар иҷорахонаҳо мезистем ва бо иваз кардани иҷорахонаҳо чандин кӯчаву маҳаллаҳои шаҳрро давр ҳам задаем.
-Мешуданд ҳолатҳое, ки либоси шуморо дигарон пӯшанд ё шумо либоси ягон ҷӯраатонро пӯшида ба дарс ё мулоқоти ошиқона равед?
-Ин гуна ҳам мешуд! Касе, ки саҳар аз ҳама пештар бедор мешуд, ҳамон рӯз “красавчик” ӯ буд, вале хушбахтона либосҳои ман ба дигарон рост намеомаданд.
-Вақте “Радиои Ватан” мегӯем, ҳатман Субҳони Ҷалил мегӯянд ва дар ҳар маҳфиле, ки номи Субҳони Ҷалилро ба забон биёрем, ҳатман “Радиои Ватан”-ро ном мегиранд.Чеҳраҳо албатта дар ҳар як шабакаи радиову телевизион вуҷуд доранд, вале то ин андоза тавъам гаштани номи як шахс бо як шабака як андоза ҳайратовар аст. Сирраш дар чист?
- Донишманде гуфтааст: “Барои он ки муваффақ гардед, бояд аввал кореро пайдо кунед, ки бароятон писанд аст. Шахсе, ки барои ин кор ба шумо пул медиҳад, баъдан худ аз худ пайдо мешавад.” Коре, ки ман дар ин ҷо анҷом медиҳам, воқеан бароям писанд ва шавқовар аст, онро ҳатто кор ҳам гуфта намешавад, чунки барои ман ин як навъ истироҳат аст, зеро худам ҳар рӯз як чизи нав меомӯзам ва албатта кӯшиш мекунам, ки чизҳои нав ба навро ба шунавандагон бирасонам. Сирраш ҳамин аст, ки инсон, сарфи назар аз он ки посбон аст, табиб аст, муфатиш аст ё ровии радио, бояд корашро самимона дӯст дорад.
-Шуморо ба ягон шабакаи дигар даъват намоянд ё кори сердаромадтар пешниҳод кунанд, қабул мекунед?
-Ростӣ пешниҳодҳои ҳам аз ҷиҳати молӣ ва ҳам аз паҳлӯҳои дигар хубтар зиёд буданд, вале рад кардам, зеро дар ин ҷо худро чун моҳӣ дар об роҳат эҳсос мекунам. Принсипи кории ман ҳамин аст, корро хуб анҷом додан ё онро аслан анҷом надодан. Ман, агар кор кунам, содиқонаву самимона кор мекунам, агар писандам набошад, умуман ба он кор даст намезанам, зеро коре, ки бо дили нохоҳам анҷом медиҳед, на ягон суд меорад ва на баракат.
-Ба шунавнадагонатон чи таманно доред?
-Хонаободу сарбаланд бошад ва самимонаву содиқона касби худро , оилаи худро ва дар маҷмӯъ зиндагиро дӯст доранд.