Паҳлавони шинохтаи тоҷик Сомон Маҳмадбеков аз ҷониби Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон “Беҳтарин варзишгари соли 2024” шинохта шуд.
Тавре Нарзулло Латипов, раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон дар суҳбат бо расонаҳо гуфтааст, бо мақсади муайян намудани 10 варзишгари беҳтарини соли 2024 назарпурсӣ доир гашта, бар асоси натиҷаи он намояндагони чор намуди варзиш - ҷудо, бокс, гӯштини тарзи озод ва самбо ба 10-гонаи беҳтарин варзишгарони соли 2024 дохил шудаанд.
“Паҳлавони маъруфи тоҷик Сомон Маҳмадбеков, ки дар Олимпиадаи Порис-2024 ва қаҳрамонии ҷаҳон дар шаҳри Абузабии Имороти Муттаҳидаи Араб дар риштаи ҷудо дар вазни то 81 кило медали биринҷӣ гирифт, беҳтарин варзишгари соли 2024 дониста шуд”,- гуфтааст раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов.