Дар рӯзи чаҳоруми Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 кишвари маҳбуби мо Тоҷикистонро паҳлавони умедбахш Сомон Маҳмадбеков аз риштаи ҷудо зери вазни то 81 кг муаррифӣ карда истодааст.
Бино ба иттилои ТВ “Варзиш”, паҳлавони умедбахши тоҷик Сомон Маҳмадбеков (-81 кг) дар даври аввали Бозиҳои олимпӣ озод буд ва дар даври дуюм бо имтиёзи иппон, бидуни мушкили муқобили Фарис Бадавии фаластинӣ пирӯзӣ ба даст оварда, роҳашро ба даври сеюм ҳамвор кард.
Маҳмадбеков дар марҳилаи ҳаштякниҳоӣ бо имтиёзи вазарӣ бар намояндаи Нидерланд Франк Де Вит ғалаба карда, дар даври чаҳорякниҳоӣ бо Тато Григалашвилии гурҷӣ гӯштин мегирад.
Тато Григалашвилии 24-сола қаҳрамони секаратаи ҷаҳон буда, инчунин ду нишони тилои мусобиқаи “Ситораҳои ҷудои ҷаҳон”-ро ҳам соҳиб шудааст. Танҳо ба хазинаи медалҳои Тато ин медали Бозиҳои олимпӣ намерасад, ки бо ин мақсад ба Париж омадааст.
Дар ин сабқати сангин ба Сомон пирӯзӣ мехоҳем!