Инак, ҳамагӣ чанд соат пас соли 2020 ҳам ба охир мерасад. Соле, ки бо омаданаш дард, ранҷу мушкилӣ ва бадтар аз ҳама, ваборо овард. Соле, ки мардумро аз зиндагии муқаррарӣ, аз кору пайкор, аз азизону наздикон дур сохт. Соле, ки бадбахтиҳояш аз хушбахтиҳояш зиёдтар буд. Соле, ки тарсро дар дили мардум ҷой кард. Ситораҳо ҳам инсонанд, мисли мову шумо ҳаёти муқаррарӣ ба сар мебаранд. COVID-19 зиндагии онҳоро низ то андозае тағйир дод. Дар соли 2020 баъзе ситораҳо модар шуданд, баъзеҳо падар. Як қисм саҳнаро тарк карданду қисми дигар дубора ба саҳна баргаштанд. Бархеҳо ба COVID-19 гирифтор шуда, шифо ёфтанду бархеи дигар дунёро абадан тарк карданд. Дар шумораи охирини соли 2020 бурду бохти ситораҳоро, ки дар давоми сол рух додааст, ба таври мухтасар манзури шумо мегардонем.
Дар соли муш киҳо модар шуданд?
Дилноза Каримова ва Фарзонаи Файз дар соли 2020 бори дигар модар шуданд. Ҳар ду ҳам аз издивоҷҳои дувумашон писарча таваллуд карданд. Дилноза Каримова аз издивоҷи нахустинаш ду писар дорад, ки фарзанди калониаш Диёрбек ҳанӯз 31-уми декабри соли 2017 дар яке аз беморхонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон бар асари бемории саратон даргузашта буд. Фарзонаи Файз ҳам аз издивоҷи аввалааш ду писар дорад, ки ҳоло ҳамроҳи худаш зиндагӣ мекунанд.
Киҳо падар шуданд?
Фаридуни Хуршед, Валиҷон Азизов ва Ҷонибек Муродов дар соли 2020 бори дигар падар шуданд. Фаридуни Хуршед аз издивоҷи сеюмаш соҳиби писарча шуд. Қаблан бо Фарзонаи Хуршед хонадор шуда, як писару як духтари дигар низ дорад, ки онҳо ҳамроҳи модарашон зиндагӣ мекунанд. Дар бораи издивоҷи аввалааш маълумоте надорем. Барои Валиҷон Азизов ҳамсараш ин бор писарча ҳадя кард. Акнун онҳо дар умум панҷ фарзанд, ду писару се духтар доранд. Валиҷон Азизовро падари серфарзанд низ мегӯянд. Ҷонибек Муродов низ чанд рӯз пеш соҳиби духтарча шуд. Ин фарзанди дувуми овозхон аз издивоҷи дувумаш мебошад. Ҷонибек аз ҳамсари аввалааш як писар дорад, ки ҳамроҳи худаш зиндагӣ мекунад.
Киҳо аз саҳна рафтанд?
Қурбоналӣ Абдуллоев, сарояндаи суруди пуровозаи “Қишлоқаки ман бӯйи чаппотӣ дорад” дар арафаи даҳаи моҳи шарифи Рамазони соли 2020 эълон кард, ки саҳнаро барои ҳамеша тарк кардааст ва дигар ҳунарнамоӣ нахоҳад кард. Сабаби ба чунин қарор омадани овозхон пурра маълум нест. Шаҳбоз Шарифов, рэпсарои ҷавон, ки бо тахаллуси саҳнавии Шон МС машҳур аст, низ эълон кард, ки сар аз соли 2021 дигар рэпсароӣ нахоҳад кард. Ӯ гуфт, ба зиёрати хонаи Худо рафта, ҳоҷӣ мешавад. Саидқул Билолов, Давлатманд Холов ва Хосият Ортиқова дар соли 2020 аз мақомҳои худ барканор шуда, ба нафақа баромаданд. Ба нафақа баромадани ин санъаткорони асил маънои аз саҳна дур шуданашонро надорад.
Киҳо ба саҳна баргаштанд?
Шабнами Тоҷиддин, Парвина Шукруллоева, Кибриё Раҷабова ва Саидаи Сироҷиддин дар соли 2020 баъди таваққуфҳои тӯлонӣ дубора ба саҳна баргаштанд. Шабнами Тоҷиддин баъди панҷ соли хомӯшӣ дубора ба саҳна баргашт. Ӯ дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, ки ба тарбияи духтарчааш машғул буд ва ба ҳамин хотир, баромад карда натавонист. Парвина Шукруллоева низ бо нашри суруди “Султони дилу ҷонам” аз бозгашти худ дарак дод. Ӯ ҳанӯз моҳи январи соли 2019 эълон карда буд, ки аз саҳна дур шуда, ба тарбияи фарзандонаш машғул мешавад. Кибриё Раҷабова ҳам имсол қарор дод, ки дубора ба саҳна баргардад. Ӯ баъди чанд соли хомӯшӣ бо суруди “Кӣ будӣ?” хотири мухлисонашро шод намуд. Яке аз сурудҳои машҳур ва сершунавандаи Кибриё “Лайлӣ ва Маҷнун” мебошад, ки қариб 13 сол қабл ҳамроҳи Остони Азиз суруда буданд. Саидаи Сироҷиддин, сарояндаи суруди як замон машҳури “Ана, гул боғи ба боғ”, ки бо рақсҳои ҷаззобаш касро ба ваҷд меовард, бо суруди “Шербачаи Данғара” ба саҳна баргашт. Саида чанд сол қабл дар замони авҷи шуҳраташ саҳнаро тарк карда буд ва ҳолдонҳо инро ба шавҳар кардану фарзанддор шудани овозхон рабт медиҳанд.
Киҳо оиладор шуданд?
Матлуба Раҳимова, Сурайё Қосимова, Фирӯза Ҳафизова ва Сабринаи Назрӣ дар соли 2020 оиладор шуданд. Тӯйи арӯсии Матлуба Раҳимова дар зодгоҳаш ноҳияи Ёвон баргузор шуд. Ӯ гуфта буд, ки баъди тӯй ҳамроҳи домод ба шаҳри Душанбе баргашта, ба кору фаъолияти худ идома медиҳад. Издивоҷи Примадоннаи эстрадаи тоҷик Сурайё Қосимоваи 63-сола бо марди аз худаш 18 сол хурд миёни ҷомеа шӯреро барангехт. Баъдан Пӯлод Шаропов, шавҳари нави овозхон аз мардум хоҳиш кард, ки ба зиндагии шахсии онҳо кордор нашаванд. Сурайё Қосимова ҳамсари дуюми Пӯлод Шаропов мебошад. Фирӯза Ҳафизова низ бори сеюм издивоҷ кард. Дар бораи шавҳари наваш маълумоте нест. Худи овозхон пеш аз оиладор шуданаш эълон карда буд, ки боз ошиқ шудааст. Фирӯза Ҳафизова аз ду издивоҷи қаблиаш ду духтар дорад. Сабринаи Назрӣ, ки ҳамагон ӯро ситораи Инстаграм мегӯянд, бо Абдулло ном ҷавоне оиладор шуд. Тӯйи арӯсии Сабрина шоми 23-юми декабр дар тарабхонаи “Яккасарой”-и пойтахт баргузор шуд. Ҷуфти ҷавон аз интихоби худ розӣ буда, ҳамдигарро дӯст медоранд.
Киҳо ҳабс шуданд?
Беҳрӯзи Саид, ки ҳамагон ӯро аз нақши Меҳрубон дар филми “Дар орзуи падар” мешиносанд, дар соли 2020 барои 15 сол равонаи зиндон шуд. Се сол аз ҳукми ӯ дар асоси қонун “Дар бораи авф” кам карда шуд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт ин ҳунарманди ҷавонро бо қисми 4, моддаи 250-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тамаъҷӯӣ бо мақсади ба даст овардани миқдори махсусан калони молу мулк) гунаҳкор медонад. Шаҳриёр Давлатов низ моҳи август тибқи талаботи моддаи 260-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дағалона вайрон кардани талаботи ҷамъиятӣ ва паҳн кардани наворҳои дорои алфози қабеҳ ва саҳнаи хушунат, ки онро ба истилоҳ “пранк” низ мегӯянд, 10 рӯз зиндонӣ шуда буд.
Киҳо ба COVID-19 гирифтор шуданд?
Беҳрӯз Зеваров, Исмоил Исмоилов (Master Ismail), Муҳаммадҷон Шодиев, Ҳошим Гадо, Ортиқи Қодир, Меҳрнигори Рустам, Зайнура Пӯлодова, Гулбаҳор Шокирова, Зафар Абдуалимов, Орзугул Хуҷамова, Зафар Аюбӣ, Бобур Раҷабов, Саъдии Бӯризод, Шоираи Раҳимҷон, Озарахш ва Фарзона, Мадинаи Саидзод дар соли 2020 ба бемориҳои “бронхит”, илтиҳоби шуш ва COVID-19 гирифтор шуда, хушбахтона, онро пушти сар намуданд.
Киҳо моро абадан тарк карданд?
Қайси Азиз, Баҳром Ғафурӣ, Мунира Ҳакимова, Савринисо Сабзалиева, Файзӣ Сулаймон (бобои Файз), Ҷӯрабек Назриев, Мавлуда Обидова, Гулназар Келдӣ, Хуршеди Алидод, Соҳибсултон Алиназарова, Амонулло Қодиров, Хайрӣ Назарова дар соли 2020 абадан моро тарк гуфтанд.
Новобаста аз вазъияти бади имсола, ки дари ҳама толорҳои консертӣ пӯшидаву баргузории чорабиниҳои оммавӣ манъ шуда буд, бархе аз ситораҳои тоҷик дар корҳои эҷодӣ хеле фаъол буданд. Масалан, Нигина Амонқулова, Фарзонаи Хуршед, Зулайхо Маҳмадшоева, Меҳрнигори Рустам, Мадина Ақназарова, Фараҳманд Каримов, Беҳрӯз Мирзоев тавонистанд, ки дар аҳди коронавирус ҳам пайваста хотири мухлисонашонро шод намоянд.