Мошу шумо аллакай рӯзҳои охирини соли 2022-ро пушти сар карда истодаем ва соли нав дар симои Харгӯшаки зебоичусту ҷолок паси дарвозаҳои зиндагиамон дар кӯфта нидо мекунад:
-Ҳокими нав омад, дарвозаро кушоед!
Аз касе пӯшида нест, ки ҳоким ҳамеша ҳақ аст ва агар табъи дилаш рафтор намоӣ, бурд мекунӣ, вагарна...
Мехоҳед, ки дар соли 2023 корди шумо ҳамеша болои равған бошад? Пас тарзе рафтор кунед, ки ба харгӯш писанд биёяд!
Харгӯшро бо хлопушка ва салют натарсонед!
Соли 2023 барои намояндагони ҳамаи бурҷҳо соли хубу бобарор мешавад, аммо барои ин шумо бояд идро бо чеҳраи кушода ва шодию хурсандию рақсу бозӣ пешвоз бигиред. Харгӯш ҷонвари чусту ҷолок бошад ҳам, каме тарсончак аст ва техникаи замони муосирро чандон хуш надорад, бинобар ин, бо хлапушкаю салют ҳокими солро натарсонед. Фаромӯш накунед, ки Харгӯш одамони майзадаро дӯст намедорад, камтар нӯшед, шарт нест, ки масти лояқил шуда, айши ҳама пайвандонатонро талх созед. “Андоза нигоҳ дор, ки андоза накӯст” гуфтаанд бузургонамон. Метавонед ба ҷои нӯшокии спиртӣ шампони сабук бинӯшед, чунки Харгӯш табъи нозук дорад.
Дар куҷо ид мекунем?
Ба фикри шумо беҳтарин ҷой барои таҷлили Соли Нав куҷост? Тарабхона? Майдон? Боғ? Соҳили баҳр? Наёфтед! Харгӯш бисёр ба аҳли оилааш меҳрубон аст, аз ин лиҳоз Соли Навро беҳтараш дар хонаатон, дар ҳалқаи аҳли хонавода пешвоз гиред. Дар доираи одамони ношинос гузаронидани ҷашни солинавиро махсусан ба бонувон маслиҳат намедиҳем, зеро шумораи “гургҳо”-и маст дар ҳамин айём аз ҳад зиёд мешавад.
Орзуҳо амалӣ мегарданд, агар...
Дар шаби соли нав одам чӣ орзуе, ки кунад, албатта ба муродаш мерасад, бинобар ин, шансатонро аз даст надиҳед. Баробари ба рақами 12 наздик шудани ақрабаки соат орзуи деринатонро бигӯед ва ҳама пайвандонатонро аз таҳти дил табрик карда, туҳфаҳои пешакӣ тайёр кардаатонро тақдим кунед.
Бе клубу дискотека наметавониста бошед, пас аз фаро расидани Соли Нав ба макони дилхушӣ равед. Харгӯш дар дашту даман ҷасту хез карданро дӯст медорад, бинобар ин, касоне, ки имкони иқтисодӣ доранд, метавонанд рӯзи нахустини Соли Навро дар ягон бӯстонсарои берун аз шаҳр гузаронанд.
Либоси сафед пӯшед
Барои дили ҳокими сол-Харгӯши зираку ҳушёрро ёфтан танҳо дастурхони пурнозу неъмат оростан кам аст. Харгӯш ба ҳама чиз-либос, ороиши рӯю мӯй ва ҳатто тарзи рафтори шумо аҳамият дода, баъд хулоса мебарорад, ки ба чӣ меарзед. Аз ҳамин хотир, танбалӣ накарда, хонаатон ва худро дар шаби ид бо тамоми маҳорат орою торо диҳед. Харгӯш зебопараст буда, ранги сафед ва дигар рангҳои равшанро дӯст медорад, бинорбар ин, либоси идонаатонро мувофиқи табъи ҳокими сол интихоб намоед. Аз зуд чиркин шудани либоси сафед ҳарос дошта бошед, либосҳои хушдӯхт ва зебои бунафшранг, кабуди осмонӣ ва шабеҳи фирӯзаро интихоб карда, худро малика ё шоҳзодаи афсонавӣ созед. Матоъҳои либоси солинавии шумо бояд мисли пашми харгӯш нарму мулоим, аз қабили замш, бархат, кашемир ва пашмина бошанд.
Имсол натанҳо занҳо, балки мардон низ дар шаби ид бояд ба симои зоҳириашон аҳамияти хоса дода, йигити чор кас медидагӣ шаванд. Шиму костюмҳои рангашон қаҳвагӣ, хокистарранг ё кабуди серранг шуморо шоҳзодаи ҳақиқӣ месозад. Куртаи мард бояд хуб дарзмол карда шуда бошад.
Мӯйҳоятонро уту кунед
Кокулонатонро ба таври дилхоҳ метавонед оро диҳед, вале маслиҳати моро гирифтанӣ бошед, беҳтараш мӯйҳоятонро бо утюжок уту кунед. Хагӯш мӯйҳои ҷингила ё шона назадаро дӯст намедорад. Кокулони бонувон бояд назаррабо бошанд, вале рангу борашон аз ҳад зиёд ба чашм намоён набошад. Ба ҷойи рангҳои баланд рангҳои нармро аз қабили ранги қаҳвагӣ, осмонӣ ё гулобии паст истифода баред.