Sebiston new 2024 october
Соли Харгӯш ба кӣ бахт меорад ва киро бой мекунад?
31.12.2022
ОИЛА
1877



Инак, соли нави мелодӣ пушти дарвозаҳои зиндагии мо ангушт мезанад. Соле, ки меояд, тибқи тақвими Шарқӣ соли Харгӯш аст.

Мехоҳед донед, ки ин сол чи гуна сол хоҳад гашт ва Харгӯш ба кӣ бахту шодӣ меораду киро бою бадавлат мекунад ва киҳо дар ин сол бояд ҳушёр бошанд, то ба доми фиребу найранг наафтанд? Пас муттаваҷеҳ бошед!
Мувофиқи тақвими чинӣ имсол соли харгӯши сиёҳ аст ва шахсоне, ки бо ҳокими сол муносибати хуб доранд, дар соли 2023 ба комёбиҳои зиёде ноил гашта метавонанд. Барои кушодани дари бахту саодат ба рӯйи худ хислати харгӯшро омӯхта, мувофиқи он амал кардан лозим меояд.

Харгӯш садоқат ба оиларо дӯст медорад

Харгӯш бисёр ҷонвари оромтабиат буда, шахсони ботамкин ва меҳнатдӯстро хуш дорад. Харгӯшҳо ба оилаи худ бисёр содиқу вафодоранд, онҳо барои зану фарзанд, падару модар, хешу табор ва дигар наздикашон ҳатто ҷонашонро дареғ намедоранд, бинобар ин, дар соли 2023 шумо ҳар қадар бо аҳли хонавода ва пайвандонатон меҳрубон бошед, ҳамон андоза корҳоятон пешрав хоҳанд гашт. Маслиҳати аз ҳама муҳим барои мардон он аст, ки дар соли нав фикри духтарбозӣ ва хиёнат карданро ба ҳамсари поку ҳалолашон аз сар дур кунанд, вагарна ба гирдоби қарз меғутанд, чунки харгӯш одамони бевафоро бад мебинад.
Мардоне, ки ҳамеша дар фикри беҳтар кардани шароити зиндагии фарзандонашон ва таъмини аҳли оилаи худ ҳастанд, дар соли Харгӯш корашон барор гирифта, манбаҳои нав ба нави даромадро пайдо мекунанд.
Шахсоне, ки Харгӯшро тарсончак ва бе дилу гурда меноманд, хато мекунанд, чунки Харгӯши хурдакак дар вақти зарурӣ барои ҳимояи аҳли оилааш ба ҳама гуна қаҳрамонӣ қодир аст, аз ин рӯ шумо ҳам бояд дар соли 2023 делеру шуҷоъ бошед ва барои аҳли хонаводаатон ба маънии томаш сутун гардед.

Ишқу муҳаббат дар соли Харгӯш

Харгӯш табиатан ташнаи ишқ аст ва дар соли 2023 сари ҳар қадам оташи ишқ дар дили инсон аланга зада метавонад. Албатта ишқу муҳаббат ба кас гӯё болу пар бахшида, дили инсонро ба зиндагӣ гарм мекунад, вале ба зодагони тамоми бурҷҳо маслиҳат дода мешавад, ки аз паси ҳавасҳои лаҳзаина надавида, муносибатҳои ҳақиқӣ ва устувор барпо намоянд.
Дар соли Харгӯш духтарони бе шавҳар ва ҷавонони муҷаррад шанс ё имконияти хуби пайдо кардани бахти худ ва бунёд намудани оилаи солимро ба даст меоранд.
Ишқи ҳақиро вохӯрда, нияти оиладоршавӣ дошта бошед, фурсатро аз даст надиҳед, зеро тамоми мушкилоти вобаста ба тӯй дар соли харгӯш ба осонӣ ҳал мешаванд.
Харгӯш барои ҷавононе, ки нияти хонадоршавӣ доранд, дар соли 2023 роҳҳои нав ба нави даромадро мекушояд.
Бо ҳамсаратон ҷанҷол накунед, вагарна...

• Ба шахсони оиладор масиҳат медиҳем, ки дар соли Харгӯш ба ҳамдигар гузашт карданро омӯзанд ва аз ҷангу ҷанҷолҳои оилавӣ худдорӣ намоянд. Мабодо дар байнатон ягон нофаҳмӣ сар занад, кӯшиш кунед, ки масъаларо оромона, бе доду фиғон ҳал кунед. Ҷуфтҳое, ки дар соли 2022 хонадор шудаанд, бояд хеле эҳтиёткор бошанд, чунки дар соли харгӯш онҳоро санҷишҳои хеле ҷиддӣ интизоранд. Ҳамсаратонро ҳурмату эҳтиром кунед ва аз гуфтааш набарояд, вагарна байнатон дилсардӣ ба миён омада, муносибатҳои оилавии шумо зери хатарм емонанд. Аз ҳама муҳимаш дар соли Харгӯш ба ҷуфти худ хиёнат накунед,чунки харгӯш хиёнатро намебахшад. Одамони булҳавасро дар ин сол шикастҳои сахту пай дар пай интизоранд. Барои ҳамин кӯшиш кунед, ки ба зиною хиёнат ва бевафоӣ аслан наздик нашавед, то ки ба ғазаби Худо гирифтор шуда, хонаи бахтатонро бо дасти худатон вайрон накунед.

Харгӯш ва кӯдакон

Харгӯшҳо аз худ насли зиёде боқӣ мегузоранд ва шахсоне, ки дар орзуи фарзанд ҳастанд, имсол барояшон соли беҳтарин хоҳад гашт. Дар соли 2023 нахли умри аксари ҷуфтҳои ташнаи фарзанд бор меорад, чунки ҳомиладоршавӣ ва таваллуди кӯдак дар ин сол бе ягон мушкилӣ мегузарад.
Тифлаконе, ки дар соли Харгӯш ба дунё меоянд, солиму бардам буда, ба волидонашон хушбахтиҳои зиёдеро ҳадя мекунанд.
Падару модароне, ки фарзандони ноболиғ доранд, дар соли Харгӯш бояд ба тарбияи кӯдакони худ диққати ҷиддӣ диҳанд. Ҳар коре, ки шумо дар соли 2023 барои дониш ва саводомӯзии фарзандонатон мекунед, самари худ дода, дар оянда роҳаташро албатта мебинед.


Дар соли Харгӯш бой мешавед, агар...

Харгӯш боигариро дӯст медорад ва шахсоне, ки пул кор кардан мехоҳанд, дар ин сол дари имкониятҳои нав ба нав ба рӯяшон боз хоҳад гашт. Мабодо қарздор бошед, дар соли 2023 метавонед ин имкониятҳоро ба кор бурда, аз гирдоби қарз берун шавед ва вазъи молиявии худро беҳтар созед. Аммо ин маънои онро надорад, ки дар соли 2023 аз ҳаво ба саратон пул меборад, барои ба даст овардани маблағ шуморо лозим меояд, ки аз таҳти дил кор кунед ва манбаъҳои нави даромадро ҷустуҷӯ намоед. Инак, чанд маслиҳат ба шахсоне, ки дар соли 2023 вазъи иқтисодии худро беҳтар кардан мехоҳанд.
1. Поятонро баробари кӯрпаатон дароз карда, мувофиқи имкониятҳои худ нақша кашед.
2. Дар соли харгӯш бо қиморбозӣ ва дигар корҳои ба қимор монанд машғул нашавед, зеро шанси бурд карданатон хеле кам, вале хатари хонасалот шуданатон зиёд аст.
3. Кӯшиш кунед, ки шиносҳои нав пайдо намуда, муносибатҳои кориро бо онҳо ба роҳ монед. Маҳз шиносҳои наватон метавонанд ба рӯйи шумо дари имкониятҳои нав ба навро боз кунанд.
4. Мехоҳед ба зинаҳои нави мансаб бароед, вле эҳсос мекунед, ки донишу таҷрибаатон кифоят намекунад? Бо рушди шахсияти худ машғул шуда, касбҳои навро омӯзед ва ё малакаи касбии худро такмил диҳед. Барои ин маблағ надошта бошед, аз курсҳои ройгон истифода бурда метавонед. Барои муттахассисони хуб имрӯз дарвозаҳои аксари кишварҳои олам боз аст ва дониши худро такмил дода, шумо имкон пайдо мекунед, ки дар хориҷи кишвар кори хубу сердаромад ёбед.
5. Инсон ҳар қадар доною чаққон набошад ҳам, хоҳ-нохоҳ ҳолатҳое мешавнад, ки ба кӯмак вамаслиҳати диарон ниёз пайдо мекунад. Вақте эҳсос мекунед, ки аз ӯҳдаи ҳалли ин ё он масъала намебароед, шарм надошта аз дӯстони наздикатон кӯмак пурсед, онҳо албатта ба шумо маслиҳатои судманде медиҳанд, ки барои ёфтани роҳи ҳалли масъала ва комёб гаштан ба шумо ёрӣ мерасонанд.

Саломатӣ дар соли Харгӯш

Харгӯш ҷонвари орому зебо, вале беқувват аст, бинобар ин, дар соли 2023 шумо бояд ба саломатии худ диққати ҷиддӣ диҳед. Бемориҳои ҷиддӣ азқабили пандемия дар ин сол шояд рӯх надиҳанд, вале худро аз бемориҳои маъмулӣ эҳтиёт кардан шарт аст. Дар соли Харгӯш махсусан хатари ба бемориҳои меъдаю рӯда гирфтор шудан хеле зиёд аст, бинобар ин, ба ғизои худ диққат дода, аз хӯрдани хӯрокҳои сахт, бирёнӣ, серравған ва душворҳазм худдорӣ намоед. Кӯшиш кунед, ки одатҳои бади худ, аз ҷумла сигоркашӣ ва шаробро партоед, чунки ин одатҳо метавонанд шуморо ба бемориҳои ҷиддӣ гирифтор созанд.

Соли паланг бисёр соли серташвиш буд, аз ҳамин хотир ба шахсоне, ки дар соли 2023 асабонияти зиёдеро аз сар гузаронидаанд, маслиҳат дода мешавад, ки оғози соли навро бо дамгирӣ гузаронида, ҳолати рӯҳии худро беҳтар созанд ва баъд аз паси нақшаҳои навашон шаванд.

Дар маҷмӯъ соли харгӯш соли бобарор буда, дар ин сол шуморо дар ҳама ҷодаҳо комёбиҳои нав ба нав интизоранд. Соли наватон муборак!
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД